Баргузории мусобиқоти Наврӯзӣ дар Хуҷанду Қурғонтеппа

Ба муносибати таҷлили Наврӯз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қурғонтеппа мусобиқаи варзишии гӯштии миллӣ баргузор мешавад.

Носир Бозоров, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи ҷисмонии Кумитаи ҷавонон, варзиш сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат ба TojNews гуфт, ки рӯзҳои 22-юм ва 23-юми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии миллӣ баргузор мешавад, дар назар аст, ки дар ин мусобиқа ба ғайр аз паҳлавонони сатҳи ҷумҳурӣ паҳалавононе аз кившарҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, мусобиқаи гуштии шаҳри Қурғонтеппа дар сатҳи вилоят баргузор шуда, инчунин мақомоти ҳикимияти давлатӣ дар сатҳи маҳаллҳо низ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳои гунонгуни варзишӣ, аз ҷумла гӯштии миллӣ баргузор мекунанд.

Иштирокчиён мусобиқаи ҷумҳурияви гӯшии миллӣ дар шаҳри Хуҷандро, ки дар вазнҳои гунонгун бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд 9 намуди ҷоиза ба таври нақдина то 5 ҳазор сомонӣ интизор аст.

Носир Бозоров мегӯяд, ки тамоми мукофот ва ҷоизаҳои гӯштини сатҳи ҷумҳуриявиро ҳукумати шаҳри Хуҷанд таҳия мекунанд ва дар назар аст, ки мисли солҳои гузашта Шоҳҷоиаза ин мусобиқа низ автомашинаи сабӯкрав хоҳад буд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?