Бардошти сайёҳони араб, ки дар роҳи Душанбе-Ҳулбук ҳоҷатхона наёфта буданд

Сайёҳони араб бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт

Гурӯҳи сайёҳони Кувайтие, ки дар роҳи Душанбе – Ҳулбук барои қазои ҳоҷат туалет наёфта буданд, бо нашри як мақола ба сайёҳон тавсия кардаанд, ки аз Тоҷикистон дидан кунанд.

Ин саёҳон бо нашри мақолае дар хабаргузории “Ал-Анбо” аз зебоиҳо ва муносибати хуби мардуми Тоҷикистон сифат карда, навиштаанд, ки ҳатто сангҳои ин кишвар назаррабоанд.

Онҳо навиштаанд, ки ҳар сафарашон ба замоне иттиффоқ уфтод, ки дар Тоҷикистон фасли сармо ҳукм меоранду ҳаво барфу боронӣ буд, лекин ин боду ҳаво ба сайёҳон лаззати хоссе бахшидааст. “Вақте табиат аксари манотиқи Тоҷикистонро бо либоси сафед-барф- пӯшонида буд, зебоии манзараҳои он диққати ҳар бинандаеро ба худ ҷалб мекард”.

Ин сайёҳони кувайтӣ аз Қалъаи Ҳисору қалъаи Ҳулбук, дараи Варзобу обанбори Норак ва боғҳои фароғатии пойтахт сифат карда, таъассуроти худро дар ин маврид хеле хуб арзёбӣ кардаанд. Онҳо дар бораи гиёҳҳои шифобахш ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ ҳам зикр ва тавсиф кардаанд.

Сайёҳони кувайтӣ дар поёни ин сафарномаи худ таъкид кардаанд, ки агар даҳҳо маротибаи дигар ба ин кишвари зебоманзар даъват шавем, ҳеч гоҳ даъватро рад намекунем.

Кувайтиҳо таъкид кардаанд, ки мо ба ҳар нафаре, ки мехоҳад вақтҳои истироҳатии худро хуб ва таъассуротбахш гузаронад, зиёрату сайёҳати Тоҷикистонро тавсия медиҳем, то ин ки аз табиати ҷаззоб, зебо ва шукӯфои он баҳравар шавад. Тоҷикистон маконест, ки ҳеч гоҳ аз диданаш сер намешавед, - навиштаанд сайёҳони араб.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 20-уми феврали соли равон Зубайдулло Зубайдов дар як нишаст аз вазъи шармовари соҳаи туризм нигаронӣ карда, гуфт сайёҳони араб тӯли беш аз се соат, аз Душанбе то қалъаи Ҳулбук, маҷбур буданд, қазои ҳоҷат накунанд, зеро дар роҳ ягон ҳоҷатхона наёфтаанд.  

Аз сафари саёҳони кувайтӣ ёд кард, ки “ба хотири боздид аз қалъаи Ҳулбук ба шаҳри Кӯлоб сафар кардаанд. Меҳмонон дар давоми ин сафар, ки рафту баргашти он беш аз 400 км роҳро ташкил медиҳад, аз Душанбе то Кӯлоб дар роҳ ягон ҳаҷатхона наёфтанд, ки қазои ҳоҷат кунанд”.

Copyright © 2015 TojNews

Назарҳо

Агар тувалет медромаданд, тавсия намедоданд.
Ин Зубайд 10 кувайтии чурахоша меораду аз хисоби грузит бо мошину обеду тухфахо тамин мекунад. Бо хамин бахона дар як сол дах бор Точикистон меояд. Ин Сафир АСТ е Гид Яне рохбалад. Сафир дават мекунад таблиг мекунад ва ширкатхои сайехи бояд хизматрасони кунанд то ягон маблаг фоида гиранду андоз супоранд. Ин Зубайд бо дах мехмонаш ду Се ширката баракс банкрот мекунад. То пули Мехмонхонара одамора грузит мекунад. Вазорати корхои хоричи пеши рохи ин масхарабозихоро гирад. Туристони вокеиро дават кунанд ки ба фоидаи Точикистон бошад.
Салом алейкум.Маълум аст ки дар сохаи туризм ё худ чалб кардани сайёх хеч дараке надори.Аксари Кувайтихо намедонанд ки Точикистон кучосту чигуна давлатаст.Оё худат метавони ки ба давлати ношинос билет харида сафар куни ? Аввал бояд маълумот чамъ намои пеш аз оне ки сафар мекуни.Инчохам айнан хамин рох пешгири шудааст,ки даъват мекуни шахрвандони хамон давлатро ки бинанду шинос шаванд бо давлат ва рафта дар давлати худашон гуянд ки чои хуб будааст.Мисле ки як супермаркет вакте ки нав боз мешавад барои харидоронро чалб намудан то чанд руз нарххои молхояшро арзон мекунад чун мардум фахмад ки ин чигуна супермаркет аст.
кори хуб нашуд, чаноби сафир дар назди сайёхони кувайти шармзада шуд, тезтар инфраструктураи босуръати хочатхонасозиро дар саросари давлат ба рох мондан даркор,

Шояд шумо суол ё назаре доред?