Барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ рузҳои наздик эълон мешаванд

Барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолият эълон хоҳанд шуд.

Зинатуллоҳи Исмоил, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар суҳбат ба TojNews гуфт, комиссияи озмун маводҳои пешниҳодшударо санҷида истодааст.

Дар назар аст, ки рузҳои наздик барандагони ҷоиза эълон шаванд.

Аммо Раиси иттифоқи журналистон мушаххасан нагуфт, ки чанд довталаб барои дарёфти ин ҷоиза мавод пешниҳод кардаанд.

Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баландтарин ҷоиза барои журналистони тоҷик буда, ҳамасола дар Рӯзи матбуот 11-уми март супорида мешуд. Аммо Раёсати Иттифоқи журналистон имсол эълон кард, ки ҷоиза дар ҷашни Истиқлолият супорида мешавад.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. Ин ҷоиза дар бахшҳои телевизион, радио, илм ва таълими журналистика ва бахши матбуот тақдим мегардад.

Соли гузашта ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Нигинаи Мӯъмин, дар бахши радио ба Абдуғаффор Убайдуллоев, дар бахши илм ва таълими журналистика ба Масрури Абдулло ва Сироҷиддин Икромӣ, дар бахши матбуот ба Абдувоҳиди Зевар ва Шукур Эркинов супорида шуда буд.

Маросими супурдани ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дар соли гузашта:

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?