Барак Обама: Сиёсати ИМА динситезӣ нест ва наметаовнад зидди динҳо бошад

Президенти ИМА Барак Обама дар мулоқоташ бо ҷомеаи мусалмонони кишвараш иброз дошт, ки масҷид ва ҳар ибодатгоҳи дигар маконест, ки хонаводаҳо меоянд ва ишқи худ ба Офаридгорашонро иброз медоранд.

Вай дар муроҷиат ба мусалмонони Амрико, ки рӯзи чоршанбе сурат гирифт, ИМА-ро хонаи онҳо номид вагуфт: "агар шумо аз худ суол мекунед, ки тааллуқ ба ин мулк доред ё на, пас ман ба шумо чун президенти Амрико мегӯям: шумо аз ҳаминҷоед, шумо бахши Амрико ҳастед, шумо  мусалмон ва амрикоӣ ҳастед."

Барак Обама, ки дирӯз дар масҷиде дар Балтимор бо ҷомеаи мусалмонони ин кишвар суҳбат мекард, гуфт, ки “таҳқири ҳар дин ноҷоиз аст ва ҳамла ба як дин ин ҳамла ба ҳамаи динҳост”.

Президенти Амрико зимни суханронӣа з ҳаводиси нохӯше ёд кард, ки гуруҳҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва дар миёни мардум тарсу ваҳмро бино мекунанд. Ӯ гуфт, ки гуруҳҳои тахрибкор ба ҳеч дине нисбат надоранд ва агар онҳо мусалмонанд, пас на ба он маъност, ки Ислом чунинаст ё ҳамаи мусалмонҳо чунинанд.

Вай гуфт, ки дар олам созмонҳое назири “Давлати исломӣ” амал мекунанд, ки талош доранд худро ҳақ нишон диҳанд ва роҳашонро роҳиҳидоятшуда аз ҷониби Худо медонанд ва мехоҳанд ҳарфи онҳо шуниданӣ бошад ва худ як гуруҳанд, вале аз номи Ислом ҳарф мезананд. “Ман онҳоро қонунӣ намешуморам. Мо бояд онҳоро ба таври шаръӣ эътироф накунем. Онҳо аз ислом ва мусулмонон ҳимоят намекунанд. Аксари қурбониҳои онҳо мусулмононанд ва дар миёнашон мардони пиру барҷомонда, занон ва тифлон ҳастанд”.

Президенти ИМА дар бораи талошҳое ҳарф зад, ки Амрикоро зидди Ислом ҷилва доданӣ мешаванд ва гуфт, ки чунин набуд ва ҳаргизчунин нест. Обама гуфт, ки сиёсати кишвараш динситезӣ нест ва наметаовнад зидди динҳо бошад, чун аз ҳар дине ҳарф зада шавад, он ба Амрико ҳам рабт мегирад,чун дар Амрико намояндагони ҳамаи адён зиндагонӣ мекунанд.

Презедент Обама дар бораи нақши созандаи мусалмонон дар таърихи Амрико ёд кард ва гуфт, ки бояд дар воситаҳои ахбор ва шабакаҳои телевизионӣ дар бораи мусалмонон бештар маълумот дода шавад. Вай ба он ҳам ишора кард, ки набояд танҳо дар мавридҳои амниятӣ аз мусалмонон ёд шавад, балки ҳамвора барномаҳо дар бораи онҳо офарида шаванд.

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Баракоко, ин тавр бошад барои чи ИМА чанде аз давлатхои мусулмониро ба харобазор табдил дод.

Шояд шумо суол ё назаре доред?