Баҳсҳои марзӣ дар Қирғизистон масъалаи №1 мешаванд

Қирғизистон гуфтааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ бо ҳамсоягонаш дар соли нав ба авлавистяҳои ҳукумати ин кишвар мубаддал мешавад.

Эрлан Абдулдаев, Вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ки кишвараш дар соли нав низ ба ҳалли мушкилоти марзӣ бо Тоҷикистон ва Узбакистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ хоҳад дод.

Нурлан Абдулдаев, ки дар нишасти матбуотии ҷамъбасти соли 2015 дар Бешкек бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, ки буҳрони марзӣ ва ҳалли он дар соли нав низ дар сиёсати хориҷии Қирғизистон дар авлавият қарор хоҳад гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта бар асари ихтилофоти марзӣ борҳо миёни сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон бархӯрдҳои хунин ҳам сурат гирифтаву муҷиби кушта шудани афрод шуда буд.

 Коршиносон ҳоло ба ин натиҷа расидаанд, ки харитаҳои куҳна имрӯз наметавонанд мушкилоти марзиро ҳал кунанд. Ахиран ҷониби Қирғизистон барои ҳалли мунсифонаи буҳрони марзӣ бо Тоҷикистон пешниҳоди табодули қаламравро ба миён гузошт, ки ҳамоно дар сатҳи омӯзиш қарор дорад.

 Тоҷикистон ва Қирғизистон 971 километр марзи муштарак доранд, ки 471 километри он ҳамоно минтақаи баҳсӣ ба шумор меравад.

Copyright © 2015 TojNews 

Шояд шумо суол ё назаре доред?