Баҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин

Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Чэн Гопин, ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм мулоқот намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, дар мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзуъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид намуд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба манфиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои пурзур кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?