Баъди шикоят ба Юсуф Раҳмон милисаи ҳақоратчӣ ёфта, муҷозот шуд (Видео)

Отамурод Каримов, нозири шуъбаи милиса оид ба масъалаҳои экологии Раёсати ВКД дар Душанбе пас аз шикояти Эътилофи зидди шиканҷа, барои таҳқир ва латукӯби шаҳрвандон аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба  Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ посухи расмӣ омадааст. 

Навори таҳқиру латукӯби шаҳрвандони аз ҷониби нозири милиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, баъдан Эътилофи мазкур онро барои таҳқиқ ва чораҷӯӣ нисбати милисаи қонуншикан ба Прокуратураи генералӣ бо ариза ирсол кард.    

Бино ба иттилои ин ниҳоди ҷамъиятӣ, Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар посух ба шикояти онҳо гуфтааст: "оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии РВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Каримов Отамурод бинобар сабаби аз ҷониби шаҳрвандон нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудан ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ сухан гуфта, нисбаташон даст бардоштааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунии мазкур, Каримов О. аз вазифаи ишғолкардааш озод шуда, рухсатшавии ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ масъалагузорӣ карда шуд. Санҷиш дар ин самт идома дошта, дар сурати муайян шудани шахсияти ҷабрдидагон, нисбати Каримов О. чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

НАВОРИ МАЗКУР АЗ ҶОНИБИ ШАХСОНИ БА ТАФТИШОТ НОМАЪЛУМ САБТ ШУДААСТ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят 9-уми августи соли ҷорӣ ариза пешниҳод карда буд.

Дар ин ариза гуфта мешуд, ки «Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”.Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хатии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”. Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст».

- Ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад,- афзуда буд Эътилоф.

Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.

Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш карда буд, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.  

Шояд шумо суол ё назаре доред?