Баъди лағви таҳримоти Эрон нархи нафт аз $28 ҳам арзон шуд

Пас аз лағви таҳримоти ҳастаӣ алайҳи Эрон нархи як баррел нафти тамғаи Brent аз 28 доллари ИМА низ арзонтар шуд.

Алакай дар субҳи 18-уми январ, расонаҳо аз фурӯши нафти Brent бо нархи 27,72 доллар дар биржаи Лондон хабар доданд. Ин нишондод нисбат ба нархи нафт дар анҷоми ҳафтаи гузашта ним доллар поин мебошад.

Пойгоҳи Bloomberg навиштааст, ки нархи нафт дар пайи лағви таҳримоти ҳастаӣ ба Эрон поин шуда, хатари зиёд шудани захираҳои нафиӣ дар пеш аст.

“Содироти иловагии нафт аз ҷониби Эрон ба арзоншавии нарх дар оянда оварда мерасонад, эҳтимол як баррел то 25 доллар арзон шавад”, - гуфтааст таҳлилгари ширкати ҳонконгии Nomura Holdings Inc. Гордон Кван.

Инчунин, баъди бардоштани таҳримот алайҳи Эрон нархҳо дар биржаи Арабистони Саудӣ поин рафт.

Аз тобистони соли 2015 то интиҳои соли гузашта нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ду маротиба коҳиш ёфт, аз 115 доллар ба 36 доллар барои ҳар як баррел нафти Brent поин шуд. Алакай дар оғози соли 2016 нархи нафт аз 30 доллар поин нарх дорад. 

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?