Баъди ду сол. Шаҳбол аз пайдо шудани ҳис дар пойҳояш хушҳолӣ мекунад (Навор)

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик бо гузашти ду солу ду моҳ аз беҳ шудани вазъи саломатиаш изҳори хурсандӣ дорад.

Ӯ дар суҳбат бо хабарнигори TojNews дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки акнун дарди пойҳояшро ҳис карда, беҳ шудани вазъи саломатиашро умед дорад. То кунун пойҳои ӯ фалаҷ буд, ки ягон ҳиссе надошт.

Тавре худи Шаҳбол нақл мекунад, баъд аз ду соли табобат се моҳи ахир алакай дар пойҳояш дард пайдо шудааст. “Пештар пойҳоямро меқапиданд умуман ҳис намекардам. Баъде ки дард пайдо шуд ба духтурон гуфтам, омада сузан заданд, ки ҳис кардам. Ҳоло пойҳоямро қапанд ҳис мекунам. Ба ғайр аз пойҳоям як ангушти дасти чапам низ ба ҳаракат даромадааст”, - хушҳолӣ мекунад сарбози маъюби тоҷик.

Ҳоло Шаҳбол Мирзоев, ки дар Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мебошад.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол мегӯяд, ки ҷои хоб дар беморхона барояшон ройгон аст. “Беморхона барои Шаҳбол як утоқро ҷудо кард, ки бо бародараш онҷо аст. Инчунин маҳси бадан ва баъзе доруҳо аз ҷониби беморхона ройгон пешниҳод мешавад. Дар як моҳ зиёда аз 700 сомонӣ харҷ мекунем”.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт 8-уми марти соли 2014 аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии 2620-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ мавриди латукӯби шадид қарор гирифта буд. Бар асари ин ҳодиса гардани Шаҳбол шикаст.

Баъди рух додани ин ҳодиса Усмоналӣ Ғайратов, ҳамхидмати Шаҳбол бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт шуда, 19-уми июн ба 9 соли ҳабс маҳкум шуда буд.

Ҳамчунин Гулрухсор Ширинова, навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии мазкур дар ин қазия гунаҳкор дониста шуда, қарор шуд то даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рӯёнда шавад.

Падари Шаҳбол Мирзоев аз Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қисми низоми 2620 тобеи он аст, 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ва 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ талаб карда буд. 25-уми майи соли 2015 Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе қарор баровард, ки Сарраёсат ба хонаводаи Шаҳбол 97 ҳазору 265 сомонию 37 дирам ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Вале 6-уми август Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии шикояти кассатсионии ҷавобгар, пардохти зарари модӣ ва маънавӣ ба сарбози латту кӯбшударо бекор кард.

 

 

Copyright © 2016 TojNews

Назарҳо

Худованди мехрубон шифои комил ато бифармояд ба ин бародар.
омин

Шояд шумо суол ё назаре доред?