"Ба сараш зан, террориста!" - Дилбар Гурговаро ҳамсояҳо латукӯб карданд

Дилбар Гургова, ҳамсари яке аз маҳкумшудагон дар қазияи маъруф ба “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим”, ки баъди боздошти шавҳараш мавриди фишори мақомот қарор гирифта буд, аз сӯйи ҳамсояҳояш латукӯб шудааст.

Дилбар Гургова, модари панҷ фарзанди ноболиғ, ки дар бозор ба ҷуворифурӯшӣ рӯз мегузаронад, дар ин бора ба TojNews иттилоъ дода, гуфт, ҳамсояҳояш ӯ ва писарашро ба баҳонаи ин ки гӯё шавҳараш террорист будааст, мавриди латукӯб қарор додаанд.  

Дилбар Гургова қаблан ба баҳонаи аз таҳсил дур мондани фарзандонаш, ки ба гуфти худи ӯ бинобар надоштани либоси дуруст аз мактаб ронда мешуданд, мавриди фишори мақомот қарор гирифта, билоохира аз ҷавобгарӣ - ҷаримаи сангин озод шуда буд.

Ҳамсари Гургова, ки ронанда буд, дар иртибот ба қазияи ошӯби 4-уми сетябри соли гузашта боздошт шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Гургова мегӯяд, тӯли беш аз як моҳ аст, ки ӯ ва фарзандонашро ҳамсояҳояш мавриди хушунат қарор медиҳанд ва ӯро “ҳамсари террорист ва хоини ватан” ва фарзандонашро “бачаҳои террорист ва хоин” меноманд.

«Рӯзи 17-уми июл буд. Айби ман ҳамин шуд, ки ман обро аз тиреза берун партофтам. Баҳона ёфт шуд, ҳамсояҳо ҷанҷол сар карданд. Ҳамсояамон бо ду духтари калонаш омаданд, аз мӯйҳои сарам кашола карда, ба замин афтонда, ба сарам, ба шикамам заданд. Сахт латукӯб карданд, то ҳол пайи осеби расондаашон зери чашмонам дида мешаванд.

Духтаронаш маро мезаданд, модарашон мегуфт, “ба сараш занед, қанчиқи террориста!” Писари калониям омада, хост маро аз зери мушту лагати инҳо раҳо кунад, кӯдакро ҳам зери лагаткӯб гирифтанд. То чанд рӯз аз ҷо хеста натавонистам. Баъд рафта ташхис кардам, ба милиса шикоят бурдам. То ҳол намедонам, ки чи кор карданд. Аз мақомот хабаре наомад.

Сарам дард мекунад, мағзи сарам месӯзад, аммо, ростӣ пул надоштам, ки ба духтур муроҷиат кунам. Ман ҷуворимакка мефурӯшам, кӯдакҳоям ба ман ёрӣ медиҳанд. Аз пули ҷуворифурӯшиям нон мехӯрем. Нони даҳони кӯдаконам аст ин пул. Духтур равам, дору менависад, аз ин пул харида наметавонам. Ба чашми фарзандонам чӣ хел нигоҳ мекунам, - мегӯяд Дилбар Гургова.

Дар шуъбачаи минтақавии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, ки Дилбар Гургова он ҷо дар хобгоҳ истиқомат дорад, мавриди латукӯб қарор гирифтани Дилбар Гурговаро тасдиқ карданд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда ҳам оғоз шудааст, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ.

Нозири минтақавӣ, ки аз муаррифии ному насабаш худдорӣ кард, ба TojNews гуфт: “Дар ҳақиқат сокинони хобгоҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд. Гурговаро мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор додаанд. Кӯдакон дар ин бора шоҳидӣ додаанд. Мо рафтем, ҳодиса дар даромадгоҳ, ё “подъезд” ба вуқуъ омадааст.  Санади ташхиси тиббӣ ҳам мавҷуд аст, аммо ҳоло дар бораи натиҷаи парванда иттилоъ дода наметавонам. Ҳоло барои ин кор барвақт аст”, - гуфт нозири минтақавӣ.

Гургова мегӯяд, агар тавони пардохти маблағи иҷораро медошт, ҳеч гоҳ дар ин хобгоҳ, ки аз чор сӯ мавриди хушунат қарор гирифтааст, намеистод.

-Мехоҳам, ки ба Президент Эмомалӣ Раҳмон нома навишта, хоҳиш кунам, ки аз моликияти Ҳоҷӣ Ҳалим, ки дар вайрон шудани зиндагии ман айбдор будааст, талаби ҷуброн кунам. Ба ин ҳақ дорам. Аввал ин ки, бачаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим шавҳари маро ба зӯр аз хона омада бурда буданд. Дуввум ин ки, мошини шавҳарамро мусодира намуданд. Оё барои ронанда , ки як тир накушодааст, 23 соли зиндонро раво дидан аз рӯйи адолат аст? Агар Ҳоҷӣ Ҳалим падари кӯдакони бегуноҳи маро гумроҳ карда, ба зӯрӣ бурда бошад, бигзор аз моликияти мусодирашудаи ӯ ҳаққи фарзандони маро ҷуброн кунанд? Магар Президент кафили адолати иҷтимоӣ нест?

Панҷ фарзандро монанди паранда калон карда намешавад, инҳо ҳам инсонанд”- мегўяд Дилбар Гургова.

 

Назарҳо

Ин нишонаи он аст ки ин бевахо кормандони махсуси амниятанд ки байни мардум фитна медозанд инхели занхо дар бисёр домхо хастанд онхоро амният чо кардааст. Ин кор аз сар шудани як чанги дигар хабар медихад ки сабабгораш макомот хастанд.
Бале ин хамсояхоро амният вербовка кардаги барои фишору азоб додани ин зан ин худозадахоро кай Худо мезада бошад ки бо чашмамаон бинем?
Бародарон охир ин як чанчоли занакчанг аст. Худатон нагз медонед занхои точик аз худ рафтаанд ку. Дар ин чо макомот гунох надорад. Дар он ошубе, ки кормандони макомот ба халокат расидаанд (кушта шудаанд) Шумо фикри оилахои онхоро намекунед? онхо хам оиладор сохиби фарзанд буданд охир. Албатта он зане ки гунахкор аст чазояшро мегирад, лекин бовар кунед хозир аз мардхо дида баъзе аз занхо бенихоят беинтизом шудаанд. Яке бо дигараш чанг мекунад бовар кунед номи тамоми чои шаргохашро мегирад, кани он шарму хаё? хаминхел занхо садкаи номи зан шаванд. Номи зан, шаъну шарафи занро паст мезананд. Аз Макомоти Конунгузор хохиш мекунам, ки ягон конуне чори шавад, ки нисбати чунин занхое, ки суханхои бешарми мегуянд чаримаи сангин пешниход кунанд бенихоят хуб мешуд.
Придурки, причем тут она, мать 5-ых детей, в место того чтоб помогать ей воспитывать детей Вы ублюдки!
Вакте дасти чап гунох кунад, ростро набуред!!! Падар хато кард, пас гунохи фарзанду завчаи он чист? Ба чои зуриву хушунат ба тифлакон мехр дихеду парвариш кунед, ки нисбати халку миллаташон мехрашон беш гардаду хатои падарро онхо низ такрор накунанд. Дигар ин, ки ба чузъ Худо дигар касе хакки доварии ин кудаконро надорад. Агар кувваи он занхо бисер бошаду ба кучо сарф карданро надонанд, ба чои латукуби кудакон, барои шукуфону зебо будани шахр сахмашонро гузоранд. Заифро латукуб кардан нишонаи пуркуввати нест, балки нишонаи нотавонист...
Кажется на дворе1937-38г.

Шояд шумо суол ё назаре доред?