Аз гӯсола... то харбуза...парастӣ - Сайёфи Мизроб зидди «идҳои нав»

Аслан дар бораи он чизе, ки мехоҳам нависам, шарм аст, ки бинвисам. Зеро ақли солим муждаам медод, ки бо гузашти вақт ин ҳама нонсенси сиёсӣ бояд аз миён бардошта шаванд. Аммо ба назар мерасад, ки бо гузашти айём ин нонсенсҳои хандабарангез умқтар ба ҷамъияти мо реша медавонанд, ки решакан гашта бошанд.

Сухан сари идҳои нави миллии мо мераванд, ба гунаи мисол Иди Харбузаву каду ва асалу дигару дигар.

Тааҷҷуббарангез аст, ки Иди умумиллии мо-Рӯзи Харбуза (ҳатман бо «Х»-и калон!), аккурат, ба авоили моҳи сентябр рост омада, ҳатто Рӯзи Донишро ба 1 нӯл мезанад! Муҳимтар аз ин, оё боре бар худ суоле додаед, ки чаро аввали моҳе, ки ҳамагӣ 7 рӯз ба баъд мо-Тоҷикон аз Рӯзи Истиқлолияти сиёсиву давлатии хеш ҷашн бояд гирем, ҳатман ҷашни Харбуза мекунем? Оё кадом горе-диверсанти сиёсие моро ҳушдор доданӣ нест, ки Истиқлолиятатон мисли ҳамин харбузапарастиатон шубҳабарангез аст?!

Дар бораи Истиқлолият. Имрӯз мӯд шудааст, ки аксарият мегӯянд, Истиқлолият пас аз пошхӯрди шӯравӣ мисли ғизои осмонии қавми Мӯсо-«Манна небесная» ба сари мо рехтааст. Оне, ки чунин мепиндорад, аслан хато намекунад. Зеро воқеан ҳам барои ишон Истиқлолият, Озодӣ, Давлатдорӣ ҳич вожаҳои тасхиркунанда набуданду нестанд. Инҳо мисли ана ҳамон қавми Мӯсо наҳори осмонӣ хӯрдаанду мехӯранд. Аз ин ҷост, ки Истиқлолиятро зумрае ҳамчун 1 давраи бихӯру бигард талаққӣ кардаву курсиеро соҳиб шудаву ришваву фасодро ба иғроқ мерасонанд. Вале қисмате аз мардуми сарбаланди собиқ советӣ бо шумули Сахаров, Собчак, Солженитсин, Сулаймонов, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ғоиб Сафарзода, Валӣ Самад ва даҳҳо ҳазор нафари дигари барои имрӯзиён гумном, дар саргаҳи мубориза барои Истиқлолият меистоданд. Хонандаи солманд нек дар хотир дорад, ки девонахонаҳои советӣ моломол аз «девона-сиёсатмадорон» буд. Ин «девонаҳо» ана ҳамонҳоеанд, ки ба мо Истиқлолият оварданд! На бешу на кам! Ва девона моем, агар ба қадру қимати хизмати ун мардум нарасем!!!

Мутаассифам, ки дар байни ишон 1 нафарро ҳам надидаем, ки имрӯз зимоми ҳукумат дар даст дошта бошад. Аз ин рӯ дар интервюҳои ҳар Тоҷик мехонем, ки Истиқлолият ногаҳонӣ ва осмонист барои Миллати шарифи мо. Аслан чунин нест! Миллате, ки то солҳои 50 бо силоҳ барои Нангу Номусу Ори хеш ҳарб кардаву сар аз солҳои 60 бо қудрати сухан (дар симои Лоиқу Бозору Қаноату Гулрухсор) талоши ба Марказ нишон додани Мани худро мекард, ҳич гоҳ дастнигар набуду нест. Ва ин Истиқлолият маҳсули ҳарби ана ҳамон гумномҳои Миллатанд. Миллате, ки ишонро фаромӯш кардаву баракс ҳодиёну Иван Сусанинҳои аҷнабиро то ҳанӯз қаҳрамони миллии хеш мехонад. Бо ингуна ҷаҳонбинӣ оё метавон мутаҳаййир шуд, ки қабл аз истиқлоият ботантана аз Харбуза ҷашн мегирем?!

Соате, ки Миллат аз Харбуза ид мекард, 1 СМС-пайки мобилӣ навиштаву ба ҷумла дӯстон роҳӣ кардам, ки агар хоҳӣ онро ба ту ҳам хонандаи ин сутур ифшо мекунам: «Ба Миллати Ориёии 5000-сола, ки 35 аср муқаддам Наврӯзро кашф кардаву 40 қарн пеш Империя дошту 50 сада қабл пайғамбар (Зартушт) оваридаву 1300 сол қабл Одамушшуаро зодаву 1200 сол қаблтар нахустҷарроҳии кӯррӯда кардаву 1000 сол пеш тақвими 365-рӯзаи солро собит намуда буд…Иди харбуза муборак бод!»…

Туро намедонам, хонанда, вале ҳар гоҳ, ки барои ман харбузаву кадуро ҷашн мегиранд, худамро 1 овощ-маҳсулоти полезӣ мепиндорам. Зеро ба пиндори ман миллати оламгир, оне, ки бар ҷаҳони муосир даҳҳо ҳазор нобиғаи илму маданият, сиёсатмадору лашкаркаш, фотеҳу император тӯҳфа кардааст, набояд зеҳнияти харбузаву кадугин дошта бошад, ки мо имрӯз дорем! Аз ин рӯ нест бод харбуза! Ба вежа, полезие, ки мо … надорем! Воқеан ҳам ҷои Ид гирифтан аз ин маҳсулоти полезӣ бояд аз Иззатулло Сатторӣ-вазири кишоварзӣ пурсид, ки канӣ он харбузаҳои Мирзочӯлу Ёвон, ки лақайҳои мо ҳамасола бо он бозорҳоро пур мекарданд? Ва умуман, канӣ ҳамон лақайҳои қаҳрамони имрӯза? Зеро агар ин «овощ» Ид дорад, пас қаҳрамон низ бояд дошта бошад. Ба лақайҳо имкони истеҳсол диҳед, ки то дар Иди ин полезӣ ҳадди ақалл, мисли шиму костюму ручкаву дафтар, харбузаро аз Ӯзбекистони ҳамсоя наорем…

Воқеан ҳам дар бораи қавми Мӯсо. Ин миллати баргузида аз озодие, ки Мӯсо калимуллоҳ овардаву аз ситами Фиравн вораҳонида будашон, қадршиносӣ накардаву Гӯсолапараст шуда, ба ғазаби Худо гирифтор гашта, то соли 1948 ҳатто давлати худро надоштанд. Имрӯз харбузапарастии мо аз гӯсолапарастӣ чӣ тафовуте дорад? Ҳаст нафаре, ки ба мани дилетант ин муамморо шарҳ диҳад?

Сайёфи МИЗРОБ, бознашр аз www.cccp.tj

Назарҳо

Матлабе, ки ба он наметавони чизеро изофа бикуни ва ё ба кисмате аз он эрод бигири. Офарин Сайёф!!!
Хамаи ин идхо кисмате аз идеологияи хукумати имруза хастанд. Хукумат бояд чамъиятро бо ресмон баста тавассути хамин ресмон чамъиятро хамаруза идора бикунад.Ана хамин идхои шубхаангез хамон ресмон хастанд. Сатхи зиндаги паст, чойи кор нест, мардуи норози. Барои он ки мардум дар ин бора фикр накунад, хукумат ба мардум ид пешниход мекунад. Народу нужны хлеб и зрелища. Выражение использовалось для описания политики государственных деятелей, которые, подкупая плебс раздачами денег и продуктов, а также цирковыми представлениями, захватывали и удерживали власть в древнем Риме.
Таджикистан находится на полпути от индустриально-аграрной страны 14:32, сегодняАвтор: Пайрав Чоршанбиев Подробнее: http://www.asiaplus.tj/ru/news/tajikistan/economic/20160915/230883 Доля сельскохозяйственной отрасли в структуре ВВП Таджикистана постепенно сокращается. В то же время увеличивается доля промышленности. По данным Агентства по статистике при президенте РТ, объем ВВП Таджикистана за восемь месяцев этого года составил 32 млрд. 352,1 млн. сомони. По сравнению с аналогичным периодом прошлого года, ВВП республики в сопоставимых ценах вырос на 6,7 %. В структуре ВВП за январь-август этого года 17,8% приходится на сельское хозяйство, охоту и лесное хозяйство, рыболовство и рыбоводство, а 15,1% - на промышленность, включая энергетику. За последние полтора года доля сельского хозяйства в структуре ВВП упала на 5,7%. В то же время, доля промышленности в структуре ВВП за этот период выросла на 3,1%. Согласно статистическим данным, по итогам 2014 года доля сельского хозяйства в структуре ВВП составила 23,5%, а промышленности – 12%. Отметим, что власти Таджикистана планируют в ближайшие десятилетия превратить республику в развитую индустриально-аграрную страну. «Нами поставлена цель посредством создания различных промышленных предприятий наладить все большую переработку отечественного сырья и этим путем превратить Таджикистан из аграрно-промышленной в развитую промышленно-аграрную страну», - заявил президент Эмомали Рахмон 24 августа на церемонии сдачи в эксплуатацию нового цементного завода в Яванском районе. В июле этого года заместитель директора Центра стратегических исследований при президенте РТ Фарида Муъминова сообщила журналистам, что правительством страны разработана Стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года. По ее словам, одна из основных задач в рамках этой Стратегии - переход модели развития Таджикистана из аграрно-индустриальной в индустриально-аграрную страну. Ф.Муъминова подчеркнула, что ключевым решением в этом контексте становится изменение пропорции между сельским хозяйством и промышленностью в валовой внутренней продукции. Она отметила, что доля сельского хозяйства в ВВП республики колеблется из года в год в районе 20-25%, а промышленности – не более 12%. «Соответственно, продолжила замглавы ЦСИ, поставлена задача увеличения доли промышленности в структуре ВВП по сравнению с долей сельского хозяйства. «Мы будем наращивать объем производства промышленной продукции, но в тоже время есть понимание того, что производимая продукция должна удовлетворять внутренний рынок и быть конкурентоспособной на внешнем рынке», - сказала она. Ф. Муъминова добавила, что очень важным моментом для достижения этих задач будет консолидация государственных и частных ресурсов Подробнее: http://www.asiaplus.tj/ru/news/tajikistan/economic/20160915/230883
вакте як харбуза 20-30 сомон аст, аз бахри идашам мегузарему аз бахри худашам
Сахт гуфта шудааст. Тахминан 10 сол пештар чунин масхараидро суғдиҳо пешкаш карданд. Имсол раҳпаймоии Хуҷанд чанд дараҷа беҳтар аз душанбегӣ буд. Душанбе бошад саргадони Харбуза. Суғд деҳқону полез дорад. Душанбе чи? Гову мурғро дар пойтахт манъ мекунему ҳамоно дар назди Театри академикӣ полез меороем.
Ман шахсан фикр мекунам, ки ин идхо барои мардум даркоранд. Боз пешниход менамоям, ки иди таппакро чашн гирем, зеро он аз харбуза ягон ками надошта, дар зимистон чизи мухим мебошад ва ахамияти стратеги дорад.
Сайёф калам дорад!

Шояд шумо суол ё назаре доред?