Аз 19-уми октябр “лимит”-и нерӯи барқ дар Тоҷикистон оғоз шуд

Аз 19-уми октябр дар Тоҷикистон расман “лимит”-и нерӯи барқ ҷорӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати "Барқи Тоҷик", ин тасмим дар пайи сард шудани ҳаво ва кам шудани резиши оби дарёи Вахш гирифта шудааст.

Ба гуфтаи масъулини ширкат, “вақти он расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз захираи ягонаи обӣ - энергетикии кишвар дар обанбори Норак буда истифодабарӣ ба роҳ монда шавад.” Вобаста ба ин, аз 19 октябри соли 2015 дар саросари кишвар маҳдудияти истифодабарии энергияи электрикӣ ҷорӣ карда шуд.”

Дар “Барқи Тоҷик” сабаби дигари ҷорӣ намудани маҳдудияти интиқоли барқро дар он арзёбӣ мекунанд, ки “сатҳи оби обанбор ҳар қадар зиёдтар дар нуқтаи болоӣ нигоҳ дошта шавад, зимистон, ки эҳтиёҷи мардум бештар аст, бо барқ таъмин карда мешаванд.”

-ШСХК “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариён хоҳиш менамояд, ки дар давраи маҳдудият ҳар қадар имкон аст, аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Ин ду омил бешубҳа боиси беҳтар бо барқ таъмин намудани тамоми муштариён мегардад. Хотиррасон менамоем, ки меъёри интиқоли барқ на аз рӯисоат, балки киловатт/соат муайян карда шудааст ва ҳар қадар энергияи барқро сарфакорона истифода барем, муддати истифодаи он зиёд мешавад,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, рӯзҳои наздик муроҷиатномаи ШСХК “Барқи Тоҷик” ба мардуми Тоҷикистон, ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма нашр ва паҳн мегардад, ки дар он шароиту имконияти таъминоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистони имсола пурра тавзеҳ дода мешавад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” дар ҳоле аз оғози расмии “лимит”-и барқ дар кишвар хабар медиҳад, ки аз 1-уми октябр ба ин тараф сокинон аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд. Аммо масъулини ширкат то имрӯз мегуфтанд, “лимит”-и барқ ҷорӣ нашуда, балки бо баъзе сабабҳои техникӣ қувваи барқ мувақатан қатъ мегардад.

Солҳои қабл, аз ҷумла дар соли гузашта аз 1-уми октябр ба таври расмӣ дар кишвар мавсими лимити барқ ҷорӣ шуда буд. Дар фасли сармо Тоҷикистон ба 3 миллиард киловат-соат нерӯи барқ камбуд дорад.

Ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол мегӯяд, ки лимити барқ ба хотири ҳифзи оби обанбори Норак гирифта мешавад, ки дар фасли сармо аз кам шудани сатҳи оби дарёи Вахш ба камбуди об дучор мешавад. Ҳудуди 80%-и Тоҷикистонро нерӯгоҳи Норак бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Зимнан, дар оғози соли равон Шариф Раҳимзода, дар замони вазири рушди иқтисод ва савдо буданаш гуфта буд, ки дар дурнамои соли 2015 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 17 миллиарду 630 миллион кВт соат пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2014 3,1 фоиз зиёд мебошад. Соли 2014 дар Тоҷикистон 16 миллиарду 974 миллион кВт соат нерӯи барқ тавлид карда буданд.

Ҳоло сокинони бархе аз ноҳияҳо мегӯянд, ки шабонгоҳ ба нерӯи барқ дастрасӣ надоранд. Соли гузашта низ қабл аз эълони расмии оғози мавсими лимити барқ дар кишвар ба бархе ноҳияҳо лимити барқ ҷорӣ карда буданд.

Дар мавсими зимистони соли 2014/2015, ки ба арафаи интихоботи парламентӣ рост омад, дар иҷрои лимити барқ барои сокинон сабукиҳо дода шуд. "Барқи тоҷик" мегуфт, ба сокинони деҳоти кишвар, ки аз 8 то 12 соат нерӯи барқ бояд дода шавад, аммо дар асл дар баъзе минтақаҳо 5-6 соат барқ дар як шабонарӯз медоданд. Дар моҳи феврал бо супориши Президент ба сокинон 13 соат нерӯи барқ доданд.

Тоҷикистон роҳи раҳоӣ аз мушкилоти бебарқӣ дар фасли сарморо дар бунёди нерӯгоҳи Роғун мебинад. Дар назар аст, ки соли оянда садди обамбори он баста шавад, ки бо баландии 335 метр бунёд хоҳад шуд. Дар навбати аввал бояд ду агрегати он ба кор дароварда шавад. 

Copyright @2015 TojNews  

 

Назарҳо

ШУКРОНА КУНЕД КИ ЧУНИН ВАТАНИ ЗЕБО ДОРЕД
Солхои аввали призидентии Эмомали Шарипович, гуфта буд, ки 2-сол дигар токат кунед барк бароятон хамешаги мешавад. 2- соли у 20-сол шуд. Боз чанд соли дигар мумкин аст токат кардан?
барки точик мегуяд аз 19 уми октябр лимит сар шуд вале дар кишлокхо аз 25 сентябр лимитро огоз карданд. барои оби норак кам шудан милати точик гунахкор нест балки касоне ки баркро дар кишвархои хамсоя мефурушанд хамонхо гунахкоранд. мардуми точикро дар хунуки аз бебарки мекушанд вале худашон дар гарми маблаги барки фурухташударо дар чайбашон меандозанд....
асри 21..барк нест...ба фикрм оби дарёхора хизби нахзат кам кардаги аст...макомот кофтукоб кунед..
Дар нохияи восеъ аз якуми октябр 7 соат дар як шабонаруз барк медихан, мо аз хукумат хохиш дорем дар фасли сармо нархи баркро бардорану халкро бо барки доими тамин кунанд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?