Аслов ва Раббонӣ дар Тошканд мулоқот карданд

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои афғонаш Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ, ин мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот “масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?