Аслов дар Узбакистон ҳамкориҳои Душанбею Остонаро баррасӣ кард

Сироҷиддин  Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш Ерлан Идрисов дар шаҳри Тошканд мулоқот кардааст.

Вафо Ниятбеков, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ дар суҳбат ба TojNews гуфт, ин мулоқот 18-уми октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, дар рафти мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Ҷонибҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.”

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?