Аслов бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон мулоқот кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири ИМА дар кишвар мулоқот кардааст.

Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд, вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Элизабет Миллардо баъд аз зуҳри 16-уми август сурат гирифт.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?