Арзиши ҳар бушка нафт аз 72 доллар поин шуд

Ба дунболи қарори ОПЕК дар мавриди коҳиш надодани тавлиди нафт арзиши ҳар бушка навъи Brent то 72 доллари амрикоӣ поён рафт ва ин дар таърихи чанд соли охир нодиртарин ҳолат шумурда мешавад.

Дар пасманзараи ин қурби асъори Русия коҳиш ёфт. Дар биржаи Маскав доллар 48,65 рубл ва евро 60,92 рубл савдо шуд. 

Бегоҳии дирӯз арзиши ҳар бушка нафти Brent дар биржаи ICE Futures  71,52 доллар буд, ки ин 6 дарсад поинтар аз сатҳи савдои пешин аст.

Бино ба гузориши расонаҳо, нафт замоне ба ин ҳад арзон шуд, ки кишварҳои узви ОПЕК тасмим гирифтанд тавлиди онро коҳиш надиҳанд ва дар ҳамин сатҳ нигоҳ доранд.  

Дар пасманзараи афтиши арзиши нафти навъи Brent аксияҳои ширкатҳои нафтии Русия низ то ҳадде арзон шуданд. Дар биржаи Маскав аксияҳои “Роснефт” 1,8 дарсад поин рафт, вале “Лукойл” аз 0,66 дарсад боло рафтани аксияҳои худ иттилоъ дод. 

Copyright © 2014 TojNews 

Шояд шумо суол ё назаре доред?