Анонс: “Раъду барқ” дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ

Имрӯз, 17-уми феврал дар саҳнаи театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фоҷеаи драмнависи машҳури Чин Тсао Юй “Раъду барқ” намоиш дода мешавад.

Тарҷумони ин асари машҳур шоири маъруфи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ буда, онро ҳунарпешаи маъруф, марҳум Хушназар Майбалиев ба саҳна гузоштааст.

Рассом Н.Панова, мусиқии онро Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев навиштааст.

Оғози намоиш соати 14:00.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?