Анонс: Баҳси Шӯриши Хуҷанд дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо"-и Иброҳим Усмон

Ҳайдаршо Пирумшоев, доктори илми таърих дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар мавзӯи “Шӯриши соли 1916 дар Хуҷанд: сабабхо ва натиҷаҳои он” сӯҳбат хоҳад кард.

Маҳфили навбатии “Гуфтугӯи таманддунҳо” 25-уми август дар шаҳри Душанбе, Маркази савдои “Пойтахт”, ошёнаи 5 (кӯчаи Турсунзода- 45) баргузор хоҳад шуд. Ворид шудан озод аст.

Оғози маҳфил: соати 17:00.
 Маврид ба зикр аст, ки маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз охирин маҳфиҳои мубоҳисавии Тоҷикистони имрӯз аст, ки онро чанд сол пеш профессор Иброҳим Усмонов созмон додааст. 

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?