Ангуштбурии марде ба хотири ифшои милисаҳои таҷовузгар ба номуси ҳамсараш

Игор Губанов, сокини шаҳри Магнитогорски Русия бо нашрия як видео мегӯяд, ҳар ҳафта яке аз ангуштонашро хоҳад бурид, то он замоне, ки мақомот рӯйдоди нангини таҷовуз ба номуси ҳамсараш дар идораи пулиси ин шаҳрро ҷиддан тафтиш ва омилони ин амали ҷинояткоронаро ба ҷазо накашанд.  Чанде пештар Кумитаи тафтишоти Русия парванда дар ин бораро лағв кард ва ҳамсари Губановро ба туҳмат муттаҳам намуда буд.

Игор Губанов мегӯяд, ҳоло ҳамаи роҳҳои қонунии расидан ба ҳақиқатро убур кардааст, касе дигар дар ин мулк ба доди ӯ намерасад ва монда ҳамин ангуштбурӣ, ки мехоҳад бо ин васила таваҷҷуҳи ҷомеа ва қонунро ба худ кашад. Ман намедонам чӣ кор кунам. Ҳоло тасмим гирифтам ҳар ҳафта як ангуштамро бибуррам, то он ки тафтиши воқеъбинонаи қазия роҳандозӣ шавад,- мегӯяд ӯ бо ишора ба аввалин ангушти докапечаш, ки аллакай буридааст.

26-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Магнитогорск Губанов ва ҳамсараш Салима Муҳаммадяноваро пулис тибқи шикояти ҳамсогонаш ба идорааш бурд. Протоколи маъмурӣ сохт ва зану шавҳарро ба халалдор кардани оромиш дар бино муттаҳам намуд. Баъдан онҳоро ҷавоб доданд, вале фурсате пас боз ҳамон гуруҳи навбатдори пулис омаданд ва зану шавҳарро дубора бо худ бурданд. Губановро дар камера ҷо кардаанд, вале занашро дар утоқи кории худ таҷовуз намуданд.

Ин зан дар суҳбаташ дар Рен-ТВ гуфтааст, ки дар утоқи корӣ яке аз кормандони пулис маро зад ва дуюмӣ ба номусам таҷовуз кард. Губанов мегӯяд он шаб вай аз ҳодиса хабар надошт, танҳо субҳ вақте онҳоро ҷавоб доданд, аз асли кор бохабар шуд. 

Кормандони пулис ба мо гуфтанд, ки агар ба касе хабаркашӣ кунем, ҳоламон табоҳ мешавад. Ба мо даҳ дақиқа фурсат доданд, то аз шаҳр фирор кунем. Дар акси ҳол ваъда ҳам доданд, ки аз мо маводи мухаддир хоҳанд ёфт. Ҳуқуқшиноси хазинаи «Общественный вердикт» Дина Латипова гуфтааст, ки Губанов ва Муҳаммадянова дарҳол ин таҳдидро ифшо карданд. 

Зану шавҳар ба хотири таъмини бехатарӣ муддате аз шаҳр хориҷ шуданд. Вале ҳамзамон бо ариза ба ВКД-и Русия муроҷиат карданд. Вале дар ВКД роҳхат надоданд, ки Муҳаммаянова ба ташхиси судӣ муроҷиат кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки нишони латукӯб дар бадани зан ошкор буд.

Аммо моҳе пас муфаттишон аз боз кардани парванда худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки ин гуна ҳодисае иттифоқ науфтодааст. Мудофеини ҳуқуқи инсон инро напазируфтанд ва ба он муваффақ шуданд, ки билохира парванда ҳам оғоз шавад, вале ба муқобили шахсоне ба тафтишот ноошно. Муҳаммаянов ҳамчуни ҷабрдида эътироф шудааст.

Баъди ин пулис ҳар гуна фишорро болои ҷабрдидаҳо оғоз кардааст. Моҳи май Губановро чун гумонбар ба як ҷинояти латукӯб даъват кардаанд. Ин ҳодиса гӯё дар хонае рух додааст, ки замоне Муҳаммадянова ва ҳамсараш мезистанд. Ду шахси ниқобпӯш нимишабӣ ба ин хона ворид шудаву 3 000 рублро ба яғмо бурдаанд. Яке аз ин шоҳидон собиқ ҳамсоязане буда, ки дар ҳамин комуналка мезистааст.

Ба Дина Латипова низ фишор овардаанд, ӯро ба сӯистифода аз ваколатҳояш муттаҳам кардаанд. 

Моҳи июл ин парванда ҳам баста шуда ва ба муқобили худи Салима Муҳаммадянова барои хабари бардурӯғ парванда боз карданд.

Хулоса то ба ҳол ин ду тан, ки яке таҷовуз дидаасту дигаре таҳқир шудааст, аз идорае ба идораи дигар медаванд, вале додрасе надоранд, ки ба ҳолашон расидагӣ кунад. Акнун барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа Губанов ба охирин иқдом даст задааст: буридани ангуштони дасташ.

Назарҳо

Rosiyai noshusta...

Шояд шумо суол ё назаре доред?