Анҷоми нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону  Узбакистон ба ин натиҷа расидаанд, ки робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ миёни ду кишвар тақвият дода шаванд.

25-уми декабр нахустин машваратҳо сиёсӣ миёни ВКХ Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як баёния эълон дошт, ки  дар ин машваратҳо ҳайатҳои ду кишвар таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷӣ вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, масоили рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  

Дар ВКХ мушаххасан шарҳ надоданд, ки машваратҳо бо кадом натиҷа анҷом ёфт. Ин ниҳод танҳо мегӯяд, “тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд.”

-Ҷонибҳо атрофи масоили дурнамои рушди минбаъдаи СҲШ ва ИДМ, ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои зикргардида, табодули афкор карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ ба кӯшишҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими иқтидори СҲШ баҳои баланд дод. Ҷониби ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии раисии Ӯзбекистон  дар ин созмон арси сипос намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти машваратҳои мунтазами сиёсиро  чун омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда таъкид сохтанд,-таъкид мекунад манбаъ.

 Дар ин машваратҳо ду кишвар ба он таъкид кардаанд, ки ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи нерӯи мавҷуда баҳри васеъ гардонидани номгӯи маҳсулот ва хизматрасониҳо дар тиҷорати мутақобила  манфиатдор мебошанд.

Бори нахуст, ки пас аз чандин соли танишҳо дар муносибат миёни Тошканду Душанбе миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ машварати сиёсӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар он бештар масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ мекарданд.

Соли равон бори дуюм аст, ки миёни ду кишвар нишастҳо баргузор мешавад. Моҳи июли соли равон Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ягона нишасти хабариаш бо хабарнигорон дар Душанбе баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматиро “қадаме барои рушди муносибатҳо” номида буд.

Тобистони соли равон баъди 6 сол дар Тошканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар сатҳи муовинони аввали сарвазирони ду кишвар баргузор шуд. Гарчи миёни ду кишвар санаде ба имзо нарасид, аммо баргузории ин нишаст қадами мусбат баҳогузорӣ шуд.

Миёни Тоҷикистону Узбакистон аз 22-юми октябри соли 1992 равобити дипломатӣ ба роҳ монда шудааст. Миёни ду кишвар Созишнома дар бораи дӯстии абадӣ ба имзо расидааст, ки танзимкунандаи аслии муносибот ба ҳисоб меравад.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Барои ин ду миллат ки сарнавишти эшон ки дигар умуми шудааст боз як Чомиву Навои даркор аст, ки дусти, башари будан ва тафаккури густардаи инсониро таблиг намояд, на ононе, ки дар хар нукта адовату душмани мечуянд ва "ба чашми бум бингаранд чахони бекаронаро", аз тангнои дара набоясти ба олам нигарист, аз водиву пахнохо бояд диду дарк кард ки олам гуногун аст ва бо хамин зебост.

Шояд шумо суол ё назаре доред?