Анҷоми муҳлати сафирии Музаффар Ҳусейнов дар Тошканд

Мӯҳлати сафирии Музаффар Ҳусейнов, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ба анҷом расид. 

11-уми март Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон сафири Тоҷикистон дар ин кишварро ба хотири анҷоми муҳлати дипломатиаш ба ҳузур пазируфтааст. 

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистон хабар додааст, ки дар ин мулоқот Абдулазиз Комилов саҳми Музаффар Ҳусейновро дар муносибати ду кишварро баланд арзёбӣ карда, ба ӯ  дар вазифаҳои минбаъдааш бурдборӣ хостааст. 

Воқеан, дар замони сафирии Музаффар Ҳусейнов гарчи танишҳо миёни Тошканду Душанбе коҳиш наёфт, аммо танишҳо афзун нашуд. Балки ҳарфҳое аз таҳкими равобит дар миёни ду кишвар хабарсоз шуд. Аз ҷумла баъди чандин соли хомӯшӣ бори нахуст комиссияи байниҳукуматии ду кишвар баргузор шуд, ки қадаме дар об кардани муносиботи яхкарда меномиданд.

Дар навбати худ Музаффар Ҳусейнов ба хотири фароҳам овардани шароити фазои хуби корӣ ба Вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон изҳори сипос кардааст. Ҳоло ҷойгузини ӯ дар ин вазифа муайян нест.

Музаффар Ҳусейнов моҳи декабри соли 2010 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон таин шуда буд. Инчунин моҳи июни соли 2014 Президент вазифаи сафирии Тоҷикистон дар Малайзияро низ бар ӯҳдаи Ҳусейнов вогузошт. 

Қаблан Музаффар Ҳусейнов раҳбари департаменти созмонҳои байналмилалии ВКХ-и Тоҷикистон буд.

Copyright @2016 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?