Алмосбек Атамбоев: Дар интихоботи президентӣ ҷойнишин пешниҳод намекунам

Президенти Қирғизистон Алмосбек Атамбоев гуфт, ки агар ӯ ҷойнишин таъин кунад ва аз мардум бихоҳад, ки дар интихоботи президентӣ ба ӯ овоз диҳанд, пас ин амали муғойир ба меъёрҳои демократӣ хоҳад буд.

Алмосбек Атамбоев, ки дар Бишкек бо хабарнигорон суҳбат мекард, изҳор дошт, ки қасд надорад барои худ ҷойнишин интихоб кунад. 

“Агар барои худ ҷойнишин баргузинам ва ба мардуми бигӯям, ки ӯро интихоб кунед, пас бидонед, ки ба кишвари мо демократия аслан намеояд. Ман ба шумо ошкор мегӯям. Халқ бояд касеро интихоб кунад, ки ба вай бовар дорад. Ва худи ӯ масъули интихоби худ бошад. Албатта, ҳар ҳизб номзади худро пешбарӣ мекунад. Вале ман чун президент набояд касеро ба ҷойи худ гузорам ва амалан ӯро роҳбари давлат таъин кунам. Бояд ӯро халқ интихоб кунад. Зеро дар ҳамаи он кишварҳое, ки ҷойнишин таъин ва баъд интихоб мешавад, демократия намеояд”,-гуфт ӯ.

Сарвари Қирғизитсон боз ҳам таъкид кард, ки агар мардум мехоҳанд дар ҷомеаи демократӣ зиндагонӣ кунанд, пас онҳо бояд худ президенти худро интихоб кунанд. 

“Бигзор худи мардум иштибоҳ кунанд ва пушаймон шаванд. Дар Конститутсия мо бояд тағйироте ворид кунем, ки кафолат диҳад, ки кишвар ба қафо барнамегардад, ба ин мамлакат дубора системаи идораи қабилавиву хонаводагӣ барнамегардад. Вазифаи ман он аст, ки ҳама чораҳоро бинам, то дар Қирғизистон интихоботи озоду демократӣ баргузор шавад”,- изҳор дошт Атамбоев.

Қирғизистон аз миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мамлакатест, ки дар қиёс меъёрҳои демократӣ риоя мешавад. Ҳаддиақал мардум дар интихоб озоданд, Конститутсияро риоя мекунанд ва барои нафъи гуруҳе ба он пайваста тағйирот ворид наменамоянд.

Баъди суқути ҳукумати академик Аскар Акаев дар ин кишвар мардум ҳамеша бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ президент интихоб кардаанд, вале касе талош накардааст, ки ба қонуни асосӣ ба нафъи худ тағйирот ворид созад.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?