АКС: Сел дар Исфара манзил ва чорвои сокинонро ба коми худ кашид

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел манзилҳои зиёди шаҳрвандонро хароб кард.

Бино ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара,  бар асари офати табий –боришоти пуршиддат ва омадани сел, ки тахминан баъд аз соати 18-30-и шомгоҳи 17-уми август рух дод, сокинони шаҳраки Шӯроб ва маҳаллаҳои навбунёди Сомониён, Афғонҳо, 13,14, 15, Навобод, Ҷазира ва Матпарй хисороти зиёд диданд.

Манбаъ мегӯяд, инфрасохторхои шаҳр мувоҷеҳи хисороти зиёд қарор ёфта, анқариб давоми як соат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Исфара имконнопазир гардид. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр хатҳои интиқоли барқ осеб дида, трансформаторҳо аз кор баромадаанд. Як қисми сокинон аз нерӯи барқ бебаҳра мондаанд.

-Ҳаҷми об дар дарёи Исфара ба якборагӣ зиёд гардида, мувофиқи маълумотҳои расида ҳаҷми оби дарё 15 куб дар як сонияро ташкил медиҳад.  Алҳол талафи якчанд чорвои ҷамъиятӣ ва ба зарару осеб мувоҷеҳ гардидани манзилҳои истиқоматӣ ва якчанд нақлиёти шаҳрвандон ба мушохида гирифта шудааст,-илова мекунад манбаъ.

Ба гуфтаи Иқбол Тешаев, ситоди ҳолатҳои фавқулодда даъват гардида, таҳти сарварии раиси шаҳр Дилшод Расулзода комиссияи махсус фаъолият дорад ва вазъиятро ҳар лаҳза таҳти назорат қарор додааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?