АКС: Иди зардолу ва Фестивали гулҳо дар Хуҷанд

20-уми июн дар шаҳри Хуҷанд Иди зардолу ва Фестивали гулҳо баргузор гардид.

Бино  ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилоти Суғд,  ҳамоишҳои мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он зиёда аз 20 тонна зардолу ба намоиш ва фурӯш пешниҳод шуда буд.

Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров  ба сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд зардолуҳои навъи: бобоӣ, мирсанҷилӣ, ниёзӣ, арзамӣ, кандак, шоҳона, хурмоӣ, субҳонӣ, аҳмадӣ, исфарагӣ, тоҷибойӣ, ӯчма, пайвандӣ, нишонӣ, моҳтобӣ, ширпайванд ва кошифиро тақдим карданд.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷамъбасти озмун  боғдорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи аввал, диплом ва соҳиби 10 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ҳамин тавр кишоварзони шаҳри Конибодом лоиқи ҷойи дуюм ва соҳиби 5 ҳазор сомонӣ ва боғдорони шаҳри Исфара барандаи ҷойи сеюм ва соҳиби 3 ҳазор сомонӣ гардиданд. Ба боғдорони ноҳияи Ашт ҳамчун иштирокчии фаъол 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шудааст.

Аксҳо аз ҷараёни баргузории Иди зардолу ва Фестивали гулҳо дар шаҳри Хуҷанд:

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?