А.Қодирӣ: Дар Ғончиву Истаравшан шаҳраки нав месозем

Дар вилояти Суғд шаҳраки наве бо номи Баҳористон бунёд хоҳанд кард.

9-уми июл Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар миёни ноҳияҳои Ғончӣ ва шаҳри Истаравшан дар мавзеи Баҳористон шаҳрак бунёд мекунанд. Шаҳрак барои 35 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Раиси вилоят ваъда кард, ки барои обёрии ин мавзеъ моҳи сентябр об бароварда мешавад. Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бунёди шаҳраки Сайҳун идома дорад. Ба гуфтаи раиси вилоят, дар ин мавзеъ 22 бинои баландошёна, як қатор иншооти иҷтимоӣ ва коттеҷҳо сохта истодаанд.

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?