Академияи илмҳо: Пулҳои буҷетиро касе надуздидааст

Академияи илмҳои Тоҷикистон, хабари дар се соли ахир дуздида шудани 625,8 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетиро аз ин ниҳод рад кард.

Бино ба иттилои Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи имлҳо, 625,8 ҳазор сомонӣ, миқдори зарари расонидаи дар муддати се соли ахир дар Академияи илмҳо будааст, ки Палатаи ҳисоб дар пайи як санҷиш ошкор кардааст, аммо ин маблағҳо феълан барқарор карда шудаанд ва дар хазина нигоҳорӣ мешаванд.

-Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорат оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба Буҷети давлатӣ ва иҷрои он дар 6 идораи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ 52 санҷиши аудиторӣ гузарондааст.

Зарари молиявиро ба маблағи 23 миллиону 661 ҳазор сомонӣ ифшо намуд, ки аз он 5 миллиону 408 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва маблағи боқимонда ба корхонаҳо барқарор карда шудааст.

Аз ҷумла, санҷишҳои аудиторӣ зарари молиявиро дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 625,8 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Маблағи зикршуда барқарор гардида аст, ки қисман ба буҷаи давлатӣ ва ба хазинаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст. Ин пулҳои барқароршудаи Академияи илмҳоро кормадони Академия илмҳо ба хонаашон набурдаанд. Ин пулҳо ба хазинаи Академияи илмҳо истодааст. Дар назар аст ин маблағҳо барои таъмири иншоот дар Академияи илмҳо сарф хоҳанд шуд, -мегӯяд сухангӯи АИ. 

Назарҳо

Хахаха. Ин пулхоро ба хонааш ягон кас набурдааст. Вакти санчиш набуд, зарарро ки ошкор карданд оварда ба чояш монданд Аз кучо Аз куча неку Аз хонатон оварда мондед. Ин академико харама хандонданд.
Мамадназаров писари амаки Давлат Худоназарова такдираш чизе шуда бошад, Дузди кати вайа капида махкам када буданд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?