Академик Саломуддин Юсуфов намояндаи доимии Тоҷикистон дар Бюрои минтақавии СҶТ

Бори нахуст намояндаи Тоҷикистон узви Кумитаи доимоамалкунандаи Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ интихоб шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз Тоҷикистонро дар ин Кумита академик Саломуддин Юсуфов намояндагӣ мекунад. Академик Юсуоф баррандаи медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ мебошад. Ӯ Тоҷикистонро дар ин Кумита аз 17-уми сентябри соли 2015 то 17-уми сентябри соли 2018 намояндагӣ хоҳад кард.

Ҷаласаи Кумитаи минтақавии аврупоӣ, ки дар шаҳри  Вилнюси Литва баргузор шудааст, аз миёни 53 кишвари аъзо 4 давлат, аз ҷумла Гурҷистон, Исландия, Италия ва Тоҷикистон тавассути овоздиҳии пинҳонӣ интихоб аъзои Кумита шуданд.

Саломуддин Юсуфов дар вазифаи  сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм дар вазорат кор мекард. Тибқи низоми ягонаи Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳониии тандурустӣ 4 нафар шахсони таъингардида бояд дар ҷаласаҳои Кумитаи доимоамалкунандаи Кумитаи зикргардида ҳатман иштирок намоянд. 

Copyright @2015 TojNews  

Назарҳо

Саломуддин Юсуфзода бехтарин кадр аст. Боварй дорам дар СЧТ Точикистонро хаматарафа муаррифй ва дастгирй менамояд. Муборак шавад!
Tочикистон ин хел кадр доштааст ахсан!!! Ба падару модар ва гайратат ако!
И одам сазовор нестай ика одами хуб нест
чхели академик шдай и ба одам муомила надора
Охи ту ранги ин мардак шав бад мебинем чи хел муомила мекни кати мо!!
Мардак заслуживает даже большего!!! Ифтихори Точикистон !!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?