Афзоиши қурби сомонӣ нисбат ба доллар дар Душанбе

Дар як ҳафтаи охир, ки як доллари ИМА дар саррофиҳо то ба 5,70 сомонӣ иваз карда мешуд, дар ду рӯзи охир ҳудуди 0,30 сомонӣ поин шудааст.

Ҳоло дар нуқтаҳои саррофии Душанбе 1 доллари ИМА ба 5,40- 5,42 сомонӣ иваз карда мешавад.

Дар саррофиҳо арзиши 10 рубли русӣ дар саррофиҳо 0,99 сомонӣ - 1,010 муайян карда шудааст.

Инчунин 1 евро бо қимати 6,61 сомонӣ харид ва бо нархи 6,63 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурбҳои миёнаи амалиёт бо доллари ИМА, рубли русӣ,  ва евро тайи ин ҳафта, каме баланд шудааст,  мутаносибан 1 доллари ИМА баробар ба 5,2575 сомонӣ, 1 евро баробар ба 6,4526 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  баробар ба 0,0983 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бонки марказии Русия қурби 1000  доллари ИМА-ро барои 24-уми декабр 54,5687 рубли русӣ муайян кардааст,  ва дар биражаи Форекс 1000 доллар бо қимати 54, 592 рубли русӣ харид ва бо қимати 54, 602 фурӯхта мешавад.

Copyright © 2014 TojNews

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?