Афви Байнамилал Сурия ва Русияро ба ҷинояти ҳарбӣ муттаҳам кард

Афви Байнамилал ҳамлаи рӯзи 29-уми июл дар вилояти Идлиб, воқеъ дар ғарби Сурияро ҳадафнок унвон кард ва гуфт, омилонаш қасд доштанд муассисаи тиббиро аз байн баранд.

Ин созмон мегӯяд, дар айни замон теъдоди дақиқи қурбониёни ин ҳамлаи маргбор маълум нест, вале намояндаи ташкилоти ҷаҳонии “Наҷоти кӯдакон”, ки ин зоишгоҳро парасторӣ мекунад, дар бораи ҳалокати ҳаддиақал ду нафр хабар додааст. Ҳоло маълум ҳам нест, ки масъулияти ин ҳамла ба мавзеъи шӯришчиён бар дӯши кист, вале он чӣ яқин аст дар минтақа нерӯҳи давлатии Сурия ва низомиёни Русия бо гуруҳҳои мусаллаҳ дар набарданд.

«Ҳамлаи барқасдона ба муассисаҳои тиббӣ ва шифохонаҳо нақзи басо ҷиддии қонунҳои ҷанг аст, ки ба ҳеч ваҷҳ намешавад худро ҳақ эълон кунанд.

Бемористонҳо, ки маъмулан бояд дар ҳифозати вежа қарор дошта бошанд, боистӣ амнияти таъминшудаву тазминшуда барои ҳифзи ҷони навзодону модарони онҳо ва кормандони бемористонҳо дошта бошанд. Ҳатто дар авҷи ҷангҳои шадид ҳам давлат вазифадор аст амнияти онҳоро таъмин кунад", -мегӯяд директори барномаи минтақавии Amnesty International дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Филип Лютер.

Ин созмон дар гузоришаш овардааст, ки дар расм ва наворҳои видеоӣ, ки баъди ҳамла бардошта шудаанд, харобии бахше аз бемористон намудор аст, ҳамзамон дида мешавад, ки шикастапораҳо дар дохили бино партов шудаанд. Бино ба гузориши созмони ҷаҳонии “Наҷоти кӯдакон” ин зоишгоҳ ягона муассисаи тиббӣ дар ноҳия аст, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна то 700 кӯдакро ба дунё меорад.

То ин замон чор бемористон ва бонки хун дар қисмати шарқии Алеппо низ мавриди ҳамлаҳои ҳавоиву мушакӣ қарор гирифтаанд. ЮНИСЕФ гузориш додааст, ки бемористони атфоли минтақа зарфи камтар аз 12 соат ду маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт.

Amnesty International мегӯяд ҳамла ба бемористону зоишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои тиббиву беҳдоштӣ шабеҳи он аст, ки ин гӯё як барномаи тарҳрезишудаи нерӯҳори ҳарбии Русияву Сурия бошад.

Ҳамла ба объектҳои тиббиро метавон ҷинояти ҳарбӣ номид. Филип Лютер гуфтааст, ки “Сурия ва Русия вазифадоранд ҳамла ба бемористонҳоро қатъ кунанд. Ҳамаи ин ҳамлаҳо бояд ҷиддан тафтиш ва омилонашон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”.

Шояд шумо суол ё назаре доред?