Афғонистон дар ҳамла ба Донишгоҳи амрикоӣ дасти Покистонро дид

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дар як нишасти истирории худ Покистонро масъули ҳамлаи интиҳорӣ ба донишгоҳи амрикоии Кобул эълон кард.

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки баррасии аснод ва ёфтаҳои раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон нишон медиҳад, ки ин ҳамла аз он сӯйи марз тарроҳӣ шудааст ва ҳам баррасиҳо ва ҳам ҳадсу гумонзаниҳо дар ин маврид идома доранд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, райиси ҷумҳури Афғонистон дар ин нишаст хабар дод, ки қаблан бо генерал Роҳил Шариф, Райиси Ситоди артиши Покистон телефонӣ гуфтугӯ кардааст. Вай аз Роҳил Шариф хостааст то дар шиносоии террористоне, ки ин ҳамларо созмон додаанд, аз иқдомоти ҷиддӣ ва амалӣ кор гирад.

Ин ҳамлаи хунин рӯзи чоршанбе рух дод ва муҷиби сару садоҳои зиёд дар ҷомеаи аАғонистон шуд.

Дар ин рӯйдод як нафар аз устодони донишгоҳ ва ҳафт донишҷӯ ба ҳалокат расиданд. Ду нигаҳбони донишгоҳ ва се сарбози амниятӣ ва 9 пулис низ кушта шуданд. 39 донишҷӯ ва кормнадони донишгоҳ захм бардоштанд.

Коршиносони масоили амниятӣ бар ин назаранд, ки ҳамлаи Толибон дар ҳама ҷабаҳоти Афғонистон шиддат гирифтааст ва ин давлати марказиро хеле нигарон кардааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?