Адвокат: Мусодираи манзили наздикони З.Саидов амали “бағоят бераҳмона” аст

Вакили дифоъи Зайд Саидов, сиёсатмадор ва соҳибкории зиндонии тоҷик ба унвонии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомот мактуб навишта, хостори бозбинии мусодираи амволи пайвандон ва хешони муваккилаш шудааст.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов дар номааш ба унвонии Президент, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Прокурори генералӣ, Раиси Суди Олӣ ва Вазири адлия мусодираи амволи фарзандон ва наздикони зерҳимояаашро на ғайриқонунӣ, балки “бағоят бераҳмона” номидааст.

Дар ин мактуб, ки нусхаи он дастраси TojNews шуд, гуфта мешавад, мусодираи амволи хешон ва фарзандони Зайд Саидов на танҳо ба “ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани мавсуф” мебошад, ки балки он “тарзу усулҳои ҷазодиҳии ӯву пайванду наздиконаш низ аст – тарзу усулҳое, ки рабт на ба қонун доранду на ба қонуният”.

Чанд рӯз мешавад, судиҷрочиён ба мусодираи манзил ва амволи хешу табор ва фарзандони Зайд Саидов оғоз кардаанд. Тавре дар ин нома зикр шудааст, ин дар ҳолест, ки хешу табор ва фарзандони Саидов “рӯзғори ҷудо аз ӯ доранд”, “ин амал тарзе сурат мегирад, ки ҳама гуна истисноро, яъне ҳамон чизеро, ки қонун мусодираашро мамнӯъ донистааст, метавонад сарфи назар бикунад. Амал на танҳо ғайриқонунист, балки бағоят бераҳмона низ ҷараён дорад, зеро хатари дар сармои зимистон дар кӯча мондани беш аз 50 нафареро, ки миёнашон маризу оҷизу тифлу солхурда кам нест, ногузир тавлид мекунад”.

Барои ҷилавгирӣ аз ин амал вакили дифоъи Зайд Саидов ба унвонии Президент мактуб навишта, хоҳони муносибати одилона шудааст. Бо овардени далелҳо аз қонунгузории ҷории кишвар хоҳиш шудааст, ки “барои рафъи қонуншиканиҳое, ки барои Зайд Саидову хешу наздиконаш вазъи бағоят ногувори зисту рӯзгузарониро эҷод мекунанд, чора биандешед”.

Қаблан, Хайрулло Саидов, писарбузурги Зайд Саидов эълон дошта буд, ки мақомот дар садади мусодираи манзили бародарон ва фарзандони падараш мебошанд. Ҳатто манзилеро, ки амакаш дар солҳои 1970-75, дар замон донишҷӯ будани Зайд Саидов амакиаш харидааст, мақомот ба рӯйхати амволи мусодирамешуда ворид кардаанд, - гуфта буд Хайрулло Саидов.

Зайд Саидов, ки қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, баъдан дар доираи парвандаҳои иқтисодиаш, ба ин муҳлат боз 3 сол илова гардид. Тибқи ҳукми Суди Олӣ, ки 11-уми августи соли равон содир шуда буд, соҳибкори зиндонӣ бояд 34 миллион сомонӣ ҷарима ва моликияташ мусодира мешуд.

Исҳоқ Табаров, вакили дифоъи Зайд Саидов он вақт гуфта буд,  аз ин ҳукм розӣ нест ва аз болои он шикоят хоҳад бурд.

Аммо Зайд Саидов ҳамаи иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо дар суханрониаш дар мурофиа рад карда, парвандаҳои иқтисодиашро давоми мантиқии парвандаҳои пешини худ донист  ва аз суд дархост кард, ки ӯро сафед кунанд.

Қазияҳо атрофи Зайд Саидов баъди 6-уми апрели сол 2013 шурӯъ шуд. Он вақт Зайд Саид бо гурӯҳи ҳамфикронаш аз ташаббуси таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” хабар дода буданд.

Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид. 25-уми декабри соли 2013 Суди Олии Тоҷикистон ӯро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум карда буд. Мақомот ӯро ба бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мекарданд. Вакилони дифоъи Зайд Саидов он вақт гуфта буданд, ки тафтиши парванда аз аввал то анҷом якҷониба сурат гирифтааст.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?