Абдураҳмон Қодирӣ, барои ӯзбекзабонон мактаби тоҷикӣ бунёд кард

Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен ба фаъолияти як мактаби тоҷикӣ барои ӯзбекзабонон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд, мактаби мазкур дар шаҳракаи Ҷомии наздик ба сарҳади Ӯзбакистон сохта шуда, давоми 4 моҳ бунёд шудааст.

Манбаъ мегӯяд, “мактаби №32 бо дархости сокинону омӯзгорони маҳалла бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ  аз буҷаи вилоят сохта шудааст.  Бинои мактаб якошёна буда, аз ҳашт синфхона иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бо назардошти мушкилоти  таълиму тарбия дар ин мавзеъи наздисарҳадӣ, ки асосан сокинони ӯзбекзабон зиндагӣ мекунанд, бунёди мактаби нав тақозои замон аст ва хонандагони ин макон бояд бо барномаи давлатии таълимӣ пурра фарогир бошанд.”

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд изҳори боварӣ намудааст, ки ба мактаби нав мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳиссагузор хоҳанд шуд. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Офарин Абдурахмон Кодири!!!Бояд барвакт ин корро мекарданд.Узбакзабонхои Точикистон дар Русия забони точикиро ёд мегиранд.Дар нохияхои назди сархадии Точикистон,то хол забони давлати ва президенти Точикистонро намедонанд. Мухтарам "Tojnews" шумо низ грамматикаи забони точикиро ёд гиред!"узбакзабонон" мешавад!!!

Шояд шумо суол ё назаре доред?