Абдулло Давлатов: Кремл нияти ба сарҳади Тоҷикистон баргаштан дорад

Раводид бо Тоҷикистон. Иштибоҳ набуд агар гӯем, ки қариб ҳар сол як бор ин масъала дар маҳофили сиёсӣ ва доираҳои вукалову вузарои Русия рӯ мезанад ва таҳдиди мустақиме ба Тоҷикистон дорад. Ахиран ҳам дар пасманзараи асосан ду рӯйдод: яке қатли хонаводаи як афсари рус, ки аввал бидуни иттилоъ ба сари тоҷикон зада шуду баъд маълум гардид, ки асосан онҳо озарӣ будаанд ва талоши роҳбарияти кишвар барои таҳкими ҳуввият сабаб шуд, ки масъалаи раводид дубора вирди забон шавад.

Дар суҳбате, ки бо Абдулло Давлатов, Раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия доштем, пурсидем, ки даъватҳои раводид аслан аз куҷо маншаъ мегиранд ва оё он ҳамоҳангшуда бо Кремл аст?

Абдулло Давлатов: Садои ворид кардани раводид бори аввал нест, ки маҳз аз забони намояндагони ҳизби либерал--демократӣ (ЛДПР) баланд мешавад. Ин бор ҳам ин ҳарфҳо аз забони Иля Дроздов, вакли Думаи давлатӣ, ки аз ҳамон ЛДПР аст, садо доданд.

Дар суҳбате, ки дар шабакаи телевизионии L!VE баргузор шуда буду ману Дроздов он  ҷо нуқтаи назари худро гуфтем, ахирӣ бо шеваи тунде оиди раводид низ ҳарф зад.

Аммо, аз ин ҳарфҳо сахттар низ гуфт. Масалан, Дроздов дар суҳбат бо боварӣ изҳор кард, ки "як занги телефонии Кремл кифоя аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷояш гузорад". Расонаҳои тоҷикӣ, ки аксаран аз ҳамтоёни русияшон ахбор гирифтаанд, ин ҳарфҳои таҳқиромези Дроздовро нодида гирифтанду фақат аз раводид гуфтанд.

 Ин ҳарфҳои Дроздов нуқтаи назари расмии Кремл нестанд. Медонам, ки масъулини тасмимгирандаи Русия аксаран нисбати тоҷикон хушбин ҳастанд. Дар суҳбатҳои "пасипардагӣ" шахсан шунидаам, ки "тоҷикон нисбати аксари онҳое, ки Русияро пур кардаанд, барои русҳо беҳтаранд. Ҳарчӣ набошад, тоҷикон ҳиндуаврупоӣ ҳастанд".

Дар баробари ин, вақтҳои охир аз сиёсати имрӯзаи раҳбарияти Тоҷикистон то ҷое асабонӣ шудаанд ва гоҳ гоҳе "меғурранд". Ҳарчӣ набошад, ба такрор мегуям, ки ин нуқтаи назари расмӣ нест.

TojNews: Оё ба назар намерсад, ки ин бор талаби раводид аз доираи аҳзобу гуруҳҳои миллигаро берун шудааст ва то ҷое дигар гуруҳҳо ҳам дар ин гуна талабҳо доранд саҳм мегузоранд?

Абдулло Давлатов: Чуноне ки қайд кардам, талаботи воридоди раводид фақат аз тарафи ЛДПР садо медиҳад, ки онро бояд ҳамчун як ангушти таҳдид бояд қабул кард, на болотар аз ин. Чунин даъватҳо аз тарафи тоҷикон низ шуда буд. Масалан, "жириновский"и ҷамъияти тоҷикон Каромат Шарипов низ чунин даъво мекунад.

TojNews: Бале, огоҳам. Вале вақте Каромат Шарипов ин мвзуъро дар миён гузошт, ҳарфи Дроздов набуд. 

Абдулло Давлатов: Сиёсати имрӯзаи Русия ба он равона шудааст, ки тарафдорони бештаре, ба сӯи худ кашад, на баръакс. Бахусус, аз ҳисоби ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ва давлатҳои боқимондаи сохтори коммунистӣ дошта. Аз ин нуқтаи назар, Русия манфиатдори сард кардани муносибатҳо нест. Тоҷикистон, ки иқтисоду амнияташ аз Русия вобаста аст, ба ҳеҷ ваҷҳ рафтори тунд намекунад. Яъне, ҳеҷ омиле ба фоидаи вориди раводид нест.

TojNews: Пас чаро ин ҳангома сари чанд вақт шунида мешавад? Гумон намекунед ин худ як барномаест, ки аз тариқи дигарон амалӣ мешавад?

Абдулло Давлатов: Такрор ҳам шавад, овозаи вориди виза ва ҷор заданҳои нафароне, ки тасмимгир нестанду фақат "ҷаканда" ҳастанд, бештар аз "ангушти таҳдид" дигар вазне надоранд. Вақте, ки калонтарин нерӯи бурунмарзӣ ва яке аз марказҳои ҷиддитарини ҳарбии Русия ("Окно"- и Норак) дар Тоҷикистон аст, ба манфиати ин кишвар нест, ки раводид ворид кунаду барои вуруди шумораи зиёди ҳарбиёну ақрабои онҳо мушкилот эҷод намояд. Ва баъд, Кремл нияти ба сарҳад баргаштан дорад. Агар таҳримҳои хориҷиву мушкилоти иқтисодии марбут ба ҳаводиси Укроин намебуд, ҳоло дар марзи Тоҷикистон русҳо буданд.

Фақат як чиз русҳоро безор кардааст: талаби пайвастаи Тоҷикистон оиди дастгир ва истирдоди мухолифини ҳукумат. Кор то ҷое расидааст, ки ҳатто ба тоҷикони шаҳрвандии Русия дошта туҳматӣ "террорист" будан мезананду рӯйхатҳо мефиристанд. Русия, ки аксаран одамони бегуноҳеро ки дар шабакаҳои ҷамъиятии интернетӣ дониставу надониста ҳарчӣ менависанд, маҷбур аст дастгир кунаду истирдод намояд.

Ин амалҳо ба имиҷи сиёсии Русия, ки бе ин ҳам хеле бад аст, рахнае бештар мезанад. Аз сӯи дигар, воқеан метарсанд ва ҳар тоҷики ришдор ё намозхонро бинанд, ҳатман ба пулис мебаранду тафтиш мекунанд. Фақат ҳамин омил метавонад сабабииддиои ҷорӣ кардани раводид шавад. Дигар ҳеҷ далеле нест!

Назарҳо

Ношгрит бгира, на духтурит маълум шид,на рохбариву сиёсатдориву худнамоит... Холаи хамакор хама корш нимколаа...

Шояд шумо суол ё назаре доред?