Абдуҳалим Ғаффоров: Ҳокимиятро бо силоҳ гирифтанӣ нестем

Мусоҳиба бо Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар Парлумони Тоҷикистон, ки аз сафари корӣ, аз вилояти Суғд баргаштааст.

-Ҳадаф ва натиҷаи сафари кориатонро ба вилояти Суғд рӯшантар бигӯед, то хонандагони мо огоҳӣ пайдо кунанд...

-Ташаккур, ҳадаф ошнойӣ бо зарфияти фазои амнияти озуқавории миллат буд ва омодагӣ ба муҳокимаи порлумонии масъалаи амнияти озуқаворӣ . Зеро солими миллат ин бузурги миллат аст. Дар вилояти Суғд бо фаъолияти ду корхона шинос шудам. Яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири «Кабири Хуҷанд» аст, ки ҷурғот, йогурт, кефир мебарорад. Дар ин ду корхона 45 нафар кор мекунанд. Маҳсулоти онҳо тавассути дастгоҳхои хориҷӣ истеҳсол мешавад ва ба талабот ҷавобгӯ мебошад.

- Хулосаи сафари корӣ ҳамин буд?

- На, ба назарам, мо бояд фарҳанги кишоварзиро рушд диҳем. Имрӯз 162 ҳазор фермер дорем, ки аз имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда наметавонанд. Мо бояд аз замин чор ҳосил гирем. Аммо танҳо ду ҳосил мегирем. Ё, баъзан се ҳосил.

- Ин пешниҳодатонро дар бораи рӯёндани 4 ҳосил дар Парлумон матраҳ мекунед? Ҳадафи муҳокимаи порлумонӣ чӣ аст?Кадом ниҳодҳо ширкат хоҳанд кард?

- Ҳадаф таъмини амнияти озуқаворист. Дар он намояндагону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Агентии давлатии «Тоҷикстандарт», суғурта ва муассисаи тиббии санитарию эпидемологӣҳам иштирок мекунанд. Бубинед 22 тонна маҳсулоти гуштии ба талабот ҷавобгӯ набуда ба кишвари мо ворид шудааст.Агар садди роҳи инро намегирифтанд, чӣ мешуд? Яке аз масъалаҳо пешгирии воридшавии маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯ набуда мебошад. Ворид шудани маҳсулоти гӯшт ва тухм аз Эрон ва Ҳиндустон ба талобот ҷавобгӯ нест. Зиёд шудани тухми мурғи воридотӣ дар бозорҳо ҳам ба зарар аст. Зеро тухми мурғ аз Эрон то ба Тоҷикистон ҳашт рӯз меояд. Дар ин муддат калорияи он вайрон мегардад ва ба истеъмолкунандагон зарар дорад. Агар мо амнияти озуқавориро таъмин карданӣ бошем, бояд воридоти тухми мурғро аз Эрон таҳти назорати ҷиддӣ гирем дар ташхисҳои қавӣ санҷиш кунем. Зеро он ба сарвати миллат - саломатӣ вобаста аст.

Воридоти тухм, ба маълумоти ба мо расида аллакай манъ шудааст, хуб ба ҳар ҳол аз фаъолияти ҲСТ пурсем; ҳизби сотсиалистӣ дар чӣ ҳол аст?

- Яке аз масъалаҳои асосӣ  ҳоло барои мо рушд ва такомули ҳизб аст. То интихоботи порлумонии соли 2015 21 ҳазору 251 нафар аъзо доштем. Баъди ҳизби порлумонӣ шудан, шахсиятҳои нав ва шинохта аъзои ҳизб шуданд. Дар вилояти Суғд шоҳид будам, ки мардум аз барномаи фарҳангии ҳизб огоҳ шуд. Фаҳмиданд, ки мақсади ҳизби мо мубориза бар зидди фасод ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум аст. Мо дар пеш ҷашни 20-солагии ҳизбро дорем, ки моҳи август таҷлил мекунем ва Шумо ҳам яке аз меҳмони мо ҳастед. Барои ин ҷашнро гузарондан ба маблағ ниёз дорем бояд пайдо кунем. Бояд дар ин ҷашн хидмати шахсиятҳои ҳизбро офарин хонем!Яке аз самтҳои фаъолияти мо сиёсати гендерии занон мебошад.

Таҳмина Раҷабова,раиси бахши занони ҳизб дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Австралия ва Варшава иштирок карда, масъалаи сиёсати гендерии занонро аз нуқтаи назари ҲСТ баррасӣ кард. Аз нигоҳи ҲСТ занон дар ҳолати ногувор қарор доранд. Дар оилаҳо мавриди хушунат қарор мегиранд.

- Медонед, дар суҳбатҳои хоса занони ҲСТ мегӯянд ҳизбро тарк кардан мехоҳанд, зеро дар Рӯзи Модарон, 8-уми март ҳизб ҳатто як гул тақдим намекунад. Оё ин дуруст аст?

- Мо дар марказ фаъолият дорем ва 33 дарсади аъзои ҳизбро бонувон ташкил мекунанд. Вобаста ба имконият, ё тавассути матбуот табрик мекунем. Ҳар яки онҳоро рафта табрик кардан имкон надорад. Барои табрик кардан маблағ лозим! Мо танҳо аз даромади аъзоҳакӣ маблағ пайдо мекунем. Мувофики Оиномаи ҳизб, аъзои ба синни нафақа расида аз пардохти ҳаққи узвият озоданд. Ҳаки узвият дар мо як сомонӣ аст.

Чандин нафар аз бонувон - аъзои ҲСТ дар хобгоҳхо зиндагӣ мекунанд ва ман ҳар моҳ ба онҳо дар ҳаҷми 100 ва 150 сомонӣ кумак мекунам. Рафта пурсед! Масалан дар хобгоҳи маҳаллаи Гипрозем зиндагӣ мекунанд. 3 - 4 кӯдакӣ доранд. Рафта пурсед.

-Даромади молиявии ҳизбро дар нишондодҳое, ки ба мақомот пешниҳод мекунед, ба сифр баробар кардаед. Сабабаш дар чӣ аст?

-Бале мо чанд сол аст, ки оид ба даромади ҳизб сифр пешниҳод мекунем. Зеро мо дар вақти интихоботи порлумонӣ ва президентӣ маблағҷамъ меоварем. Аз миқдори маблағи ҷамъушда андоз месупорем ва боқимондаро сарфи интихоботҳо мекунем. Аз 100 % маблағи ҷамъшуда 80 дарсадаш ба маоши раисони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо меравад, 20 дарсадаш андоз аст. Мо фаъолияти густурда дорем. Ба берун аз марзи Тоҷикистон меравем, бо муҳоҷирон вомехӯрем. Дар бораи урфу одатҳо суҳбат мекунем. Мо нисбат баҳодисаи қабристони Москав назарамонро баён доштем. Раиси Маҷлиси намояндагон ҳам ба ин масъала вокуниши ҷиддӣ нишон дод. Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ ин аст, ки байни муҳоҷиронҳамватанони мо ҳамҳастанд, ки ин низоъҳоро ташкил мекунанд. Барои ҳамин бояд пеш аз ҳама ояти мухаббат ба ватанро аз худ кунем! Дӯст доштани ватанро байни ҷавонон талқин кунем.

-Соҳиби дафтари кории доимӣ шудед? То ин дам хонаи худро ҳамчун дафтари ҳизб ба қайд гирифта будед?

-Бале, чун мо дафтари кори аниқ надорем. Ҳоло соҳиби дафтар шудем ва он мавриди таъмир қарор дорад. Кӯшиш карда истодаем, ки дар шаҳру вилоятҳо ҳам ҳизб дафтари корӣ дошта бошад. Мо як қатор тағйиротҳо ворид кардем. Раиси ҲСТ-ро дар Кулоб иваз кардем. Шарифамо Каримоваро ба ин вазифа таъйин намудем. Мо 350 ташкилоти ҳизбӣ дорем. Мутаассифона ҳамаи бахшҳо бедафтари алоҳида фаъолият мекунанд.  Аммо омодагииҷиддӣ дорем.Ин камбудиҳо оҳиста-оҳиста ҳал мешаванд.

- ҲСТ чӣ ҳадафҳо дорад?

-Мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ расидан ба ҳокимият аст. Мо ҳоло имконияти пурраи ба ҳокимият расиданро  надорем. Мо бо роҳи осоишта, бо роҳи порлумонӣ мегирем. Ягон инқилоб нашавад, ашки модарон ва кӯдакон нарезад. Мақсади мо ҳифзи суббот аст. Мо бо силоҳ ҳукуматро гирфитанӣ нестем.

Ман силоҳ ва миллион надорам, ки давъои қудрат кунам! Тавре ҲНИТ, ҳизби мамнуъшуда мехост бо силоҳ ва миллионҳо доллар қудратро ба даст гирад!

-Онҳо силоҳ доштанд?

- О, чӣ тавр надоштанд? Магар шумо тавассути телевизион надидед?Нақшаи гирифтани КДАМ ва телевизионро доштанд. Чӣ ин бофта аст? Вақтеҳама чӣ бо ҳуҷҷат намоиш дода мешавад. Вақтемушовири боздоштшудаи собиқ раиси ҳизб мегӯяд, ки раисаш 3,5 (сею ним) миллион доллар гирифт. Вақтевай гуфт, ки Эрон ин қадар маблағ дода, гуфтааст, ки инқилоб кунед, ин аз куҷо аст? Ман маблағ надорам ва маблағи дигаронро ҳам намегирам, то муттаҳам шавам. Мехоҳам, ки маблағи худамро дошта бошам, ба мо дар вақти маъракаҳои муҳимми сиёсӣ маблағкӯмак мекунанд. Агар хонаи замбурро вайрон карданӣ шавед, ё расед, албатта шуморо газиданӣ мешавад.Ин қадар моликияти онҳоро тавассути телевизион нишон доданд.

Дар мо мансабдорони дигар ҳам хонаҳои миллиондолларӣ доранд, моликияти зиёд  доранд, магар не?

- Ҳамаи онҳо ҳам, вақташ ояд,ҷавоб мегӯянд. Ман ҳеҷ моликият надорам, як хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ аз давраи шуравӣ мондааст. Зеро дузд нестам. Дар ҷанги шаҳрвандӣ нафарони тасодуфӣ дар мақомотроҳ ёфтанд. Онҳо мағзи аз худ кардан доштанд, тамом!Барои ҳамин моликияти давлатӣҳам ба ҳар роҳ тороҷ шуд. Вақти онҳо ҳам мерасад.

-Чӣ орзу доред?

-Хушбахтона ман ба ҳамаи орзуҳоям расидам!Ҳар як орзуе, ки доштам, амалӣ шуд.

Чанд сол аст, ки раиси ҳизб ҳастед. Хаста нашудед ва омодаи рафтан ҳастед?

-Омодаам. 12 сол аст, ки раиси ҳизб ҳастам, хаста ҳам шудаам...

Суҳбати Меҳрбону ОРИФӢ

Назарҳо

Мухтарам Гафоров ё ин ки содаи ё худро ба содаги зада истодаи о дилхох чинояткор вакте накшааш амали нашуд тамоми накшахояшро нест мекунад чи хел рохбарияти ХНИТ накша мекашидаст баъди ичро нашудани накшаашон боз онро дар хонахояшон пинхон мекардаанд. Дуюмаш агар ту хам ба дасти амниятихо афти чанги солхои 1992-1997 мегуи ман ташкил карда будам.
" Мо бояд аз замин чор ҳосил гирем." Hole in hel hobhoi shirin didan gired 5 hosil ham guftanaton mumkin. "Агар мо амнияти озуқавориро таъмин карданӣ бошем, бояд воридоти тухми мурғро аз Эрон таҳти назорати ҷиддӣ гирем ". Voy tuhmi shakoke, yak hudat tani tanho amniyati ozukavorii moro namehohi.Mo dushmani tu tuhm. "Дар вилояти Суғд шоҳид будам, ки мардум аз барномаи фарҳангии ҳизб огоҳ шуд." Dar shohidii hudaton boshad, bovar kardan mumkin. " Мо фаъолияти густурда дорем. Ба берун аз марзи Тоҷикистон меравем, бо муҳоҷирон вомехӯрем." "Rostiro" zavole nest. "Мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ расидан ба ҳокимият аст." Ba maksad rasida metobed. "Агар хонаи замбурро вайрон карданӣ шавед, ё расед, албатта шуморо газиданӣ мешавад." MO fikr kardem in honai tamomi millat,ne hato kardem,mebahshed aj hudtonaj. "Мехоҳам, ки маблағи худамро дошта бошам," Gam nahured ,shimu kostyuma girifted, mablag ham metiyan. "-Хушбахтона ман ба ҳамаи орзуҳоям расидам!Ҳар як орзуе, ки доштам, амалӣ шуд." O chi hel. Orzui puli hudatona doshtan kujo shud? Yo ustuhonho gusht ham doshtu hudatona ba nodoni mezaned. "-Омодаи рафтан ҳастам.12 сол аст, ки раиси ҳизб ҳастам, хаста ҳам шудаам." In mardumi Sugd nav az farhangi hizbaton ogohi eftanu shumo kujo ravon? Amniyati ozukavori ,solimii millat chi shud? Naraved ,iltimos mo be shumo chi kor mekunem...
Мехрбону бисер хам мусохибаи оличаноб, ин мусохибаро ба ягон мачаллаи хачви пешниход кунед бо номи " депутат-....
САФСАТА!!! Садкаи хукм шави, Боз силох пилох!!!
Ин чи гап Тоҷнюс? Кани ҳамон хабарнигору ҳамон муҳаррир,ки аз гиребонаш гирифта яксони замин кунам? Охир шумо мардакро масхара карда истодаед, ба ин кор ба шумо ки иҷозат дод?? Ҳайфи ҳамон муҳаррир ва ҳамон мусоҳиб. Аз ҷаҳони журналистика баҳрае набурдаед ва аз олами ахлоқ низ...Ё аз нодонии мусоҳиби худ истифода бурда, обрӯ гирифтаниед? Пас, ба девонахона равед, он ҷо Наполеону Сталинҳо зиёданд ва шумо ҳам ҳамсуҳбати лоиқ ба худ меёбед...
С кем вам взять правительство с оружием?У вас-же не так много членов вашей партии,я-бы сказал поштучно!А вообще с оружием взять власть опасно,больше не хотите вернуть,только с кровью вернете,как сказал один из нынешних руководителей власти который взял так-же с оружием!
худо гуфта шин ,ки дузди зиёд шудааст касе афкори баландатро надуздад?

Шояд шумо суол ё назаре доред?