84 ҳазор евро кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба осебдидагони Бадахшон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки ба маблағи 84 ҳазор евро ба зарардидагони заминларза дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона хоҳанд расонд.

Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон,  ин кӯмакҳо ба воситаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва "ДИПЭКО", созмонҳои шарики Комиссияи Аврупо, ки барномаи паст кардани хатари офатҳои табиӣ ба аҳолии зарардида расонида мешаванд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувазаф шудааст, ки бо маблағи ёрии Иттиҳоди Аврупо кӯмаки хеле зарурро зудтар ба 195 хонаводаҳои осебпазир таъмин намояд.

Хонаводаҳои мазкур иборат аз 935 нафар, аз ҷумла якчанд фарзанду маъюбон доранд, асбобҳои пухтупаз, бастачаҳои беҳдоштӣ ва ғизо хоҳанд гирифт.  

Масъулини намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе мегӯянд, кӯмаки ин ниҳод беш аз нисфи маблағе, ки дар муроҷиатномаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба Фонди ҳолатҳои фавқулода ишора шудааст, мепӯшонад. 

Ҳамчунин  созмони "ДИПЭКО" бо 48 ҳазор евро маблағи Иттиҳоди Аврупо ба зарардидагони заминларза дар Тоҷикистон кампалҳо, либосҳои зимистона, бастачаҳои беҳдоштӣ ва дигар ашёи ниёзи хонаводаҳо таъмин мешавад.

Ин кӯмакҳо дар пайи зилзилаи 7-уми декабр ирсол мешавад. Дар ин зилзилаи 7 балӣ, садҳо манзил дар Бадахшони Тоҷикистон хароб шуданд, ки теъдоде аз сокинон бидуни манзил мондаанд.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?