80 ҳазор довталаб дар Маркази миллии тестӣ номнавис шуданд

То 22 –юми апрел дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ ҳудуди 80 ҳазор нафар ҳамчун довталаби таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна ба қайд гирифта шуданд.

Дар Маркази миллии тестӣ мегӯянд, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор нафар -  қариб 15 дарсад зиёдтар аст.

Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ ба Тоҷнюс иттилоъ доданд. Аз ин теъдод ҳудуди 33 ҳазор духтар ва 47 ҳазор писар мебошанд. нанд. Шумораи ба қайдгирифташудагоннисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Соли гузашта то 14 –уми апрел 60 ҳазору 648 довталаб бақайдгирифта шуд буд.

Тибқи нақша соли ҷорӣ бояд, ки ҳудуди 58 830 донишҷў тавассути Маркази миллии тестӣ қабул карда шавад. Соли гузашта нақшаи қабули донишҷўён 46 544 адад буд, аммо, мутаассифона, 39 672 нафар донишҷў гардиду халос.

Ҳар як довталаб ҳангоми бақайдгирӣ 200 сомонӣ дар суратҳисоби Бонки давлатии «Амонатбонк» пардохт менамояд. Аз шумораи умумии 80 ҳазор довталаб 16 миллион сомонӣ ба «Амонатбонк» ворид шудааст.

Муҳлати бақайдгирии довталабон аз 1-ум то 16 –уми апрел эълон гардида буд ва баъдан то 29 –юми апрел дароз карда шуд.

Имтиҳони довталабон тавассути ММТ аз 1-ум то 15-уми июли соли ҷорӣ доир мегардад.

Айни ҳол дар 28 шаҳру ноҳия марказҳои бақайдгирии ва дар 48 ноҳия марказҳои сайори бақайдгирӣ фаъолият доранд.

Шояд шумо суол ё назаре доред?