673 ҳазор сомонӣ мукофотпулии Президент ба ғолибони мусобиқоти варзишӣ

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба 21 тан аз варзишгарони тоҷик беш аз 670 ҳазор сомонӣ мукофотмулӣ ҷудо кард.

24-уми декабр Президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазорати молия амр кардааст, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 673 ҳазору 750 сомонӣ ҷудо намояд.

Тибқи қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ин маблағ ба 21 тан аз варзишарон, ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ тақдим бояд шавад.

Оғози соли равон Президент Эмомалӣ Раҳмон барои варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, ҷоизаи махсус таъсис дод.

9-уми январ Фармони Президент Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ содир шуд.

Тибқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президент амалӣ карда мешавад.

Тобистони соли ҷорӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳӣ хабар дода буд, ки барои варзишгароне, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ се ҷои авваро мегиранд, то 300 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Ғолибони мусобиқаҳои байналмилалие, ки барандаи ҷои аввал мегарданд, бо 300 ҳазор сомонӣ, барандаҳои медали нуқра 200 ҳазор ва варзишгарони мақоми сеюм ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегарданд, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонди Президент ҷоиза мегиранд, - гуфта буданд дар Кумита.

Copyright © 2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?