46 миллион доллар фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ дар соли 2015

Тоҷикистон дар соли 2015 аз фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон ва Қирғизистон ҳудуди 46 миллион доллар фоида ба даст овардааст.

Бино ба ҳисоботи ширкати “Барқи тоҷик”, аз нерӯи барқе, ки ба хориҷ фурӯхтаанд, 90 дарсад ба Афғонистон ва 10 дарсад ба Қирғизистон рост меояд.

24-уми декабри соли равон Мирзо Иброҳим, роҳбари “Барқи тоҷик” дар маърӯзааш дар парламони кишвар гуфтааст, ки соли 2015 ба хориҷи мамлакат ба миқдори 1,3 миллиард киловат соат неруи барқ содир шуд, ки 1.137 миллиарди он ба Афғонистон ва 159.1 миллион киловати боқимонда ба Қирғизистон исрол гардид. 

Пештар хабар дода мешуд, ки Тоҷикистон ҳар киловат соат барқи худро ба Афғонистон 3,7 сент ва ба Қирғизистон 2,5 сент мефурӯшад. Ин аст, ки соли ҷорӣ аз фурӯши неруи барқ ба Афғонистон 42.069 миллион доллар фоида ба даст овардааст, аз Қирғизистон бошад камтар аз 4 миллион доллар. 

Қирғизистон ва Афғонистон танҳо ду кишваре мебошанд, ки аз Тоҷикистон неруи барқ дарёфт мекунанд ва он ҳам танҳо дар фасли тобистон, аниқтараш то аввали моҳи октябр. Ин замонест, ки Тоҷикистон барқи бештар тавлид мекунад ва бахшеро, ки зиёдтар аз эҳтиёҷоти дохилист, ба ин ду кишвари ҳамсоя мефурӯшад. 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд тадбирҳое, ки ҳоло андешида мешаванд, муҷиби он мегарданд, ки баъди 5 сол аз фурӯши барқ ба хориҷи кишвар на камтар аз 150 миллион доллар даромад ба даст ояд.  

Тоҷикиситон нерӯи барқи содиротиашро ба Афғонистон аз тариқи 2 хати интиқоли нерӯи барқ: яке хати 110 кВт ва дуюмӣ хати 220 кВт  ва бо ду нарх ба анҷом мерасонад. Тибқи созишномае, ки ба миёни Душанбе ва Кобул ба имзо расондаанд, арзиши интиқоли нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон аз тариқи хати 110 кВт 2.08 сенти амрикоӣ ва аз тариқи хати 220 кВ 3.78 сенти амрикоӣ муайян шуда буд.

Тоҷикистон дар давоми сол дар нерӯгоҳҳои барқию обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ имкони истеҳсоли ҳудуди 17 миллиард кВт нерӯи барқро дорад. Аммо дар фасли тобистон барои нерӯи барқ харидор надорад ва дар зимистон аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мекашанд.

Танҳо дар соли гузашта Тоҷикистон бинобар харидор наёфтани нерӯи барқ ба миқдори баробар ба истеҳсоли 2,6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ обро аз обамборҳо партофтаанд. 

Copyright @2015 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?