43 вагон маҳсулот кӯмаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон дар 43 вагони қатора кӯмаки башардӯстона ирсол кардааст.

Бино ба иттилои сафорати Қазоқистон дар Душанбе, кӯмаки башардӯстона ба маблағи беш аз 2 миллион доллар  мебошад. Дар хабари сафорат гуфта мешавад, ки бо қарори ҳукумати Қазоқистон аз 29-уми октябри соли 2015 барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон маҳсулот ба маблағи 2 миллиону 99 ҳазору 864 доллари ИМА кӯмак кардаанд.

Маҳсулот аз равғани растанӣ, консерваҳои гӯштӣ, шакар, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.

Кӯмаки башардӯстона баррои ҳодисаҳои табиӣ харобиовар дар ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷудо карда шудааст.

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Ин кумак танхо барои Оилаи падари миллат мерасад. Дигар хамма сер дар Точикистон.

Шояд шумо суол ё назаре доред?