“То 40 - солагӣ зинда мемонем?”

Тоҷикистон метавонист ба ҷои маҳдудиятҳо барои ҳоҷиён, квотаи худро бештар кунад

Ҳукумати Тоҷикистон қарори нав дар бораи тартиби анҷоми ҳаҷҷи фарзиро барои шаҳрвандони кишвар қабул кардааст. Тибқи ин қарор, ки дар зераш имзои Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст, ҳамакнун танҳо онҳое анҷоми ҳаҷҷи фарзиро доранд, ки аз 40 сола боло бошанд. Бар илова, шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин пас танҳо пас аз 5 сол имкони ҳаҷҷи фарзии такрориро доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки, агар хоҳишманди дигаре набошад...

Тартиби муқарраршуда ҳамчунин хоҳишмандонро муваззаф мегардонад, ки ҳади ақалл се моҳ пеш аз маросими ҳаҷҷи фарзӣ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат намоянд. Дар замина, барои ҳар минтақа ҳукумат квота муайян хоҳад намуд. Гуфта мешавад Кумитаи дин вазифадор шудааст, ки феҳрасти ҷумҳуриявии хоҳишмандонро таҳия карда, назорати риояи навбатро таъмин кунанд.

Қарори нави ҳукумат баҳси гармеро дар муҳити иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Ин ҳам дар ҳоле, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамчун ниҳоди танзимкунандаи сафари ҳоҷиёни тоҷик дар шарҳи тасмими Ҳукумат эълон кард, ки ин тасмим танҳо ба хотири эҳтиром ба калонсолон гирифта шудааст. Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод дар сӯҳбат ба “Нигоҳ” гуфт,  сафарбарнамоии шахсони аз 40-сола боло ба зиёрати Хонаи Худо ба маънои маҳдудият набуда, балки фурсат додан ба пиронсолон мебошад.

Ба қавли Афшини Муқим, навбати ҳаҷ дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва илова бар ин Арабистони Саудӣ низ квотаи Тоҷикистонро аз 6 ҳазор ҷой боло намебарад. Ҳоло дар баъзе аз минтақаҳои кишвар ба иттилои мақомот то солҳои 2025-2026 навбати ҳаҷ пур шудааст.

Ҷонибдорон ва мухолифини қарори ҳукумат дар навбати худ асосу далелҳои худро меоранд. Ин ҷои баҳс надорад, ки дар бархе маврид гуруҳе аз мардум зимни маросими ҳаҷ, ки аз ҷониби кумитаи дин роҳандозӣ мешуд, шикоят доштанд, ки барои риояи маросими фарзӣ баъзе ноадолатиҳо ҷо доштанд ва аз ин хотир иддае аз одамон чандин маротиба метавонистанд маросимро адо намоянду қисмати дигар солҳо навбатпоӣ. Ҳукумат ҳам бо қарори худ маҳз гӯё дар назардошт бо ин тасмими ҳамчунин гирифта.

Вале ин тасмим ба деги онҳое, ки чанд соли ахир ҳукуматро дар “иқдомҳои зиддиисломӣ” муттаҳам мекунанд, алов монд. Бархе аз донишмандони дин ҳам дар ин қарори ҳукумат ихтилофоти шаръиро мебинанд. Аз ҷумла, зимни сӯҳбат бо “Нигоҳ” як имоми масҷид, ки нахост аз ӯ ном барем, изҳор намуд, ки  шариати Исломӣ барои сафари хонаи Худо аз ҷониби шахсони ба балоғат расида ягон маҳдудияти синну солиро муқаррар накардааст. Ба қавли ин имоми масҷид, тибқи қонунҳои шариати исломӣ ҳар марде, ки ба синни 12 расидаасту қуввати ҷисмонӣ ва молии зиёрати хонаи Худоро дорад, метавонад сафари ҳаҷ намояд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд барои занҳо аз синни 9-солагӣ ҳаққи анҷоми маносики ҳаҷ имконпазир аст.

- Аз рӯи мантиқи одӣ ҳам гирем, оё кӣ кафолат дода метавонад, ки ҳар одам то 40 солагӣ зинда мемонад? Шариат дар назардошт бо ҳамаи ин ҳолатҳо ба як мусалмон имкони интихоб ва иҷрои фарзҳоро додааст, - изҳор намуд ӯ.

Тоҷикистон дар ҳоле чунин қарорро ба тасвиб расондааст, ки таҷрибаи маҳдуд намудани синну соли ҳоҷиён дар дунё камназир аст. Намунае то ҷое монанд танҳо дар ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон ҷорист, ки тибқи он шахсони зери синни 50-сола ҳақ надоранд, ки ба Ҳаҷ сафар намоянд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, агар ҳукумат нияти “тантанаи адолат” – ро зимни маросими сафарбарӣ ба ҳаҷ доранд, ин тасмим роҳи ҳал нест ва беҳтар аст Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ талаб кунад, ки квотаи муқаррарнамудаи кишварро бештар намояд. Тибқи тартиби муайяннамудаи Арабистони Саудӣ бояд барои 1 миллион мусалмон 1000 квота ҷудо шавад. Бо ин тартиб Тоҷикистон на 6 ҳазор, ки феълан аз Тоҷикистон ҳамасола ба ҳаҷ мераванд, балки бояд 8 ҳазор квотаи ҳаҷ дарёфт намояд. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла тармими атрофи Каъба, ин кишвар барои Тоҷикистон чанд соли ахир танҳо 6 ҳазор квота ҷудо мекунад. 

Зимнан, дар Кумитаи дин мегӯянд, Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона кишварест,  ки квотаҳои ҳаҷро ба пуррагӣ истифода мекунад. Бо ин ҳама, бархе аз таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дар ин шабу рӯзҳо, ки миёни Эрону Саудӣ баҳсҳои ҷиддӣ идома доранд, имкон дорад шумори ҳоҷиён аз Эрон дар соли пешорӯ камтар шавад. Аз ин хотир Тоҷикистон метавонист аз ин ҳолат истифода карда, миқдори квотаи худро бештар кунад.

 Бознашр аз “Нигоҳ” №42 (475). Чоршанбе, 20-уми январи соли 2016

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Зинда монданатро Худо медонаду аммо то 40- солагиат ягон Крох соз, корхона сохта 5 касро бо кор таъмин кун, бог бунёд кун бо пули Хач ба фикрам савобаш аз савоби Хач камтар ки нест!!! О ту чавон то 40 солаги мерасам ё на гуфта фикр куни, фикр намекуни ки ин мардуми 40-50 сола чи фикр дорад????
Бисёр хуб аст . Дидем чанд чавони хочии аз 35-40 сола поёнро зинокор, шаробнуш, сигоркаш, шабхо дискотека ва .....

Шояд шумо суол ё назаре доред?