136 ҳазор сомонии Қодирӣ ба ғолибони Олимпиадаҳои хориҷӣ

Раиси вилояти Суғд ба мактаббачаҳо ваъда дод, ки барои ғолибият дар олимпиадаҳои хориҷӣ 136 ҳазор сомонӣ медиҳад.  

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд,  тибқи қарори Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд,  хонандае, ки дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур сазовори медали тилло мегардад бо 25 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ низ бо 25 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ мешавад.

Манбаъ мегӯяд, хонандае, ки дар олимпиадаи мамолики хориҷи дур сазовори ҷои дуюм мегардад ҳамроҳ бо устодаш бо 30  ҳазор сомонӣ ва барандагони ҷойи севвум соҳбии 20 ҳазор сомонӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин хонандае, дар олимпиадаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷои аввалро мегирад соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешавад ва муаллими ӯ низ 10 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳад гирифт. Соҳиби медали нуқра ва омӯзгори ин хонанда ҳар яке 5 ҳазор сомонӣ ва хонандае, ки медали биринҷӣ ба даст меорад ва устоди ӯ ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт мекунанд. 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Ин Кодириаш ин кадар боакл будааст. Шояд раисони дигар вилоятхои кишвар аз у ибрат гиранд. Ман мухлиси Шумо, чаноби Кодири.

Шояд шумо суол ё назаре доред?