11 муштзани тоҷик аз Чин бе роҳхати олимпӣ баргаштанд

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи роҳхатгирӣ барои ширкат дар Олимпиадаи Рио ноком шуданд.

Мусобиқаи литсензионӣ барои роҳхат ба Олимпиадаи Рио дар шаҳри Киани Чин аз 25-уми март то 2-юми апрел идома дошт, ки ягон муштзани тоҷик бо шумули Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 муваффақ нашуданд.

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани дигари маъруфи тоҷик низ натавонист, ки барои ширкат дар бозиҳои олимпӣ роҳхат гирад. Бино ба иттилои Кумитаи олимпии кишвар, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобат барои ҷои сеюм шикаст хӯрдааст.

Ӯ 2-юми апрел дар мубориза бо Ҷейсон Эрик аз Австралия, ки дар вазни то 91 кг вориди рақобат шуда буд, бо ҳисоби 1:2 мағлуб шудааст.

Ширкати 11 муштзани тоҷик дар сабқати мазкур бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳамин тавр дар сабқати мардон Шӯҳрат Сабзаалиев (49 кг), Файзмамад Малахбеков (52 кг), Ораз Авзалшоев (56 кг), Анвар Юнусов (60 кг), Шараф Давлатов (69 кг), Шаббос Неъматуллоев (75 кг), Наврӯз Ҷафоев (81 кг), Ҷаҳон Қурбонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг), дар сабқат миёни бонувон Мавзуна Чориева (60 кг) ва Шоира Зулқайнарова (75 кг)  ноком шуданд.

Copyright @2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?