10-уми январ рӯзи кормандони Агентии зидди фасод эълон мешавад

Аз моҳи марти соли 2015 ин ниҳодро Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунад

Кормандонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон соҳиби ҷашни худ мешаванд.

Порлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйиротҳои нав ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” шуруъ кард, ки бар асоси он 10-уми январ иди касбии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳия шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар  Тоҷикистон 10-уми январи соли 2007 бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.  Аз моҳи марти соли 2015 ин ниҳодро Рустами Эмомалӣ роҳбарӣ мекунад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?