1 млн. доллар барои шикори ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар соли 2016

Ҳукумати Тоҷикистон барои шикори тирамоҳии ҳайвоноти нодир бо маблағи як миллион доллар квота ба фурӯш гузоштааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар рӯйхати шикори имсолаи ҷонварон 85 сар гӯсфанди помирӣ ё "Марко Поло", 8 сар бузи морхӯр ва ё пармашох ва се сар гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ҷой доранд.

Барои шикори як гусфанди "Марко Поло" шикоричёни хориҷӣ 45 ҳазор сомонӣ ва барои шикори бузи морхӯр 223 ҳазор сомонӣ ба буҷаи кишвар месупоранд.

​Бино ба иттилои Ҷамшед Ватанов, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зист, акнун ширкатҳое, ки сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб мекунанд, ин квотаҳоро харидорӣ мекунанд. Соли гузашта, ба гуфтаи ӯ, шикорчиёни хориҷӣ 6 иҷозатномаи шикори бузи морхӯр ва 67 иҷозатномаи гӯсфанди "Марко Поло"-ро харидорӣ карда буданд.

Солона аз ҳисоби шикори бузу гӯсфандҳои нодир дар Тоҷикистон ҳадди аққал 5 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид мешавад. Ду сол пеш 2 миллион сомонии даромад аз шикори гӯсфанди "Марко Поло" ба суратҳисоби Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" гузаронида шуда буд. 

Шикори ҳайвонот дар Тоҷикистон маъмулан дар тирамоҳ оғоз шуда, то миёнаҳои зимистон давом мекунад. Дар баҳор ва тобистон ба хотири халал ворид накардан ба раванди наслгирӣ шикори ҳайвонот манъ аст.

Назарҳо

Агар шахсони мансабдор хоханд хама вакт ва ба хама чиз шикор мекунанд ба онхо ин конун аломанди надорад

Шояд шумо суол ё назаре доред?